Италия: 3 нафар аз коронавирус ҷон доданд

Тӯли ду шабонарӯзи охир дар Италия се нафар аз коронавирус ҷон бохтанд ва ин нишондиҳандаи он аст, ки ин кишвар дар Аврупо аз ҷиҳати сироятёбии коронавирус дар ҷойи аввал меистад.

Айни замон 152 ҳолати сирояти коронавирус дар панҷ минтақаи Италия тасдиқ карда шудааст: 112 нафар дар Ломбардия (бо ду марг), 22 нафар дар Венето (як марг), 9 нафар дар Эмилиа-Ромагна, 6 нафар дар Пемонт ва 3 нафар дар Трентино.

Гуфта мешавад, ки дар Италия ҳодисаҳои сирояти коронавирус дар охири ҳафта зиёдтар шудааст. Дар Аврупо он аз ҷиҳати шумораи сироятёфтагон дар ҷои аввал меистад, дар ҷаҳон пас аз Чин, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ ҷой гирифта, афзоиши босуръати шумораи мубталоён ба қайд гирифта шудааст.  Ин аст, ки тибқи иттилои мавҷуда дар супермаркетҳои Милан рафҳо зуд холӣ мешаванд ва ниқобҳои тиббӣ дар бисёр дорухонаҳо чанд рӯз қабл ба итмом расиданд.

Ва бояд гуфт, ки тӯли як шабонарӯзи охир дар Кореяи Ҷанубӣ 161 нафар аз коронавирус сироят ёфтанд, ки ин шумораи мубталоёнро дар ин кишвар ба 763 нафар расонид. Ҳамзамон, дар ин муддат як нафар чон додааст, ки шумораи умумӣ ба 7 нафар расидааст. Ин нишондиҳандаи он аст, ки Кореяи Ҷанубӣ дар ҷаҳон аз рӯйи бисёр сироятёфбии аҳолияш ба коронавирус дар ҷойи сеюм меистад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *