Изҳороти Шариф Ҳамдампур ба иртиботи боздошти чопи “Комсомольская правда” дар Тоҷикистон

Имрӯз дар толори ҳафтаномаи “Тоҷикистон” нишасти матбуотӣ ба иртиботи боздошти чопи “Комсомольская правда” дар Тоҷикистон баргузор гашт.

Дар он Шариф Ҳамдампур изҳор намуд, ки таърихи 16 июл дар сомонаи “КП. ру” мақолаи Сергей Пономарев  бо номи “Таджикистан: из советского прозябания в светлое будущее” интишор гардидааст. Ин мақоларо ӯ аз нигоҳи ахлоқи рӯзноманигорӣ ғайри қобили қабул, таҳқири миллати тоҷик донист. Мавсуф изҳор намуд, ки пас аз мутолиаи мақола бо роҳбарияти “KP.ru” иртибот дошт ва ин мақолаи иғвоангез ва пур аз таҳқири миллати тоҷик бар манфиати ҳамкории мо нест. Вале аз ҷониби роҳбарияти  “KP.ru” ҳеҷ иқдоме нисбати таҷдиди назар ба ин мақола сурат нагирифт. Сипас, ӯ гуфт, ки ба унвони сармуҳаррири “Комсомольская правда” В. Сунгоркин мактуб навишта, дар мавриди боздошти чоп ва паҳн кардани ин нашрия дар Тоҷикистон хабар додааст.

Дар пайомади сухан гуфт, ки таҳқири миллатею шӯр андохтани мардум кори носавоб аст ва агар ин мақола аз саҳифаи сомона бардошта мешуд,  бар манфиати рафоқат миёни мардуми ду кишвар ва хамкории  тарафайни нашрияҳо мебуд.

Ҳамчунин вай гуфт, ки “Комсомольская правда”нашрияи дӯстдоштаи ӯст ва таҷрибаи 10 -солаи ҳамкорӣ бо ин нашрия дорад. Гузашта аз ин, нахустин таҷрибаи рӯзноманигориро замони Шӯравӣ дар ин рӯзномаи муътабар гирифтааст ва аввалин мақолаҳояшро низ дар он чоп кардааст. Аз ин ҷост ки аз соли 2006 дар асоси шартнома «Комсомольская правда»-ро дар Тоҷикистон чоп мекунад.

Мавсуф зикр кард, ки боздошти нашри ин рӯзнома барояш ҳам аз нигоҳи моддӣ ва ҳам маънавӣ гарон буд.

«Комсомольская правда» дар қатори «Аргументы и факты»   серхонандатарин рӯзнома дар Русия ба ҳисоб меравад.

Вале дар мавриди «Комсомольская правда» фаромӯш гаштани ойини ҳамкорӣ ӯро нороҳат кардааст ва рӯзи душанбе ба унвонии роҳбарияти «Комсомольская правда» нома навиштааст, ки аз чопи рӯзнома худдорӣ мекунад. “Ин амбитсия набуд, ин мавқеи шаҳрвандии ман буд”- изҳор намуд ӯ .

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *