Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ғизоҳое, ки қувваи мардиро зиёд месозанд

Ба наздикӣ ба синни 60-солагӣ қадам мегузорам. Аз саломатиям шиква надорам, вале азбаски зани ҷавону зебо дорам, намехоҳам, ки аз ман норозӣ бошад. Донистан мехоҳам, ки кадом хӯроку ғизоҳо қувваи мардиро зиёд мекунанд.

Р.Б., н. Варзоб

Дар олами Ғарб истилоҳи «Афродизиаки» машҳур аст, ки аз номи худои афсонавӣ Афродита гирифта шудааст. Афродита дар асотирҳои Юнони қадим ҳамчун худои зебоӣ ва ишқ таҷассум ёфтааст. Афродизиакҳо гуфта моддаҳоеро дар назар доранд, ки қувваи мардӣ ва ҳисси шаҳвониро зиёд менамоянд. Ин моддаҳо бӯйи ба худ хос дошта, дар вуҷуди кас хоҳиши ишқварзиро бедор менамоянд. Клубника, шоколад, моҳӣ ва маҳсулоти дигари баҳрӣ, майи сурх ба афродизиакҳои таъсирашон сахт дохил мешаванд.

Дар кишвари мо низ меваю сабзавот ва гиёёҳое ҳастанд, ки рағбати ҷинсиро афзун намуда, қувваи шаҳвонии мардро дучанд мегардонанд.

Донаки каду-хусусияти табобатӣ дошта, махсусан ба саломатии мард таъсири хуб дорад. Донаи каду бемории простатитро пешгирӣ карда, нишонаҳои аденомаи простатаро нест ва иллатҳои  пешобдонро табобат мекунад. Дар баробари ин хусусиятҳояш донаи каду масунияти баданро баланд намуда, қувваи муҳофизатии ҷисмро афзун месозад.

Гиёҳоб ва чойи аз одамгиёҳ (женщен) омодашуда ба рагҳои хунгарди узвҳои ҷинсӣ таъсири муфид мерасонад. Ҳангоми халалёбии кори узвҳои ҷинсӣ, ки бар асари бемориҳои ҷинсӣ ва ҳормонӣ рух медиҳад, одамгиёҳ фоидабахш аст.

Гиёҳоби аз чойкаҳак омодашуда  ба системаи асаб таъсири хуб расонида, қувваи марди баркамолро зиёд мегардонад. Барқароршавии нерӯи мардӣ аз ҳисоби беҳтар шудани ҳолати руҳӣ ва зиёдшавии рағбати ҷинсӣ ба амал меояд.

Истеъмоли гарди гул (цветочная пыльца) қувваи мардиро барқарор ва кори узвҳои ҷинсиро баъди 60 солагӣ ба эътидол меорад.

Бар замми хӯрокаву дорувориҳое, ки дар боло қайд намудем, баъзе витамину минералҳое ҳастанд, ки боиси зиёдшавии рағбати ҷинсии мард мегарданд. Аз ҷумла:

  1. Синк-ин минерал ба коркарди ҳормони тестостерон таъсири мусбӣ расонида, қувваи мардиро афзун мегардонад. Ин мода дар таркиби шоҳтути заминӣ ва қулфинай фаровон аст. Марди майдон шудан хоҳед, бештар малина ва қулфинай хӯред.
  2. Оҳан-рағбати ҷинсиро афзун ва муносибатҳои маҳрамонаи зану мардро хубтар месозад.
  3. Фосфор-норасоии ин минерал боиси кам шудани қувваи мардӣ мегардад.
  4. Калий-дар ҷисми инсон норасоии калий эҳсос карда шавад, одам хоболуду бемадор гашта, бо мурури вақт хоҳиши машғул шудан ба ишқварзӣ ӯро тамоман тарк менамояд.
  5. Витамини Е-ин витаминро аз таркиби хӯрокҳо пайдо кардан душвор аст, зеро миқдори хеле камаш дар ғизо дида мешавад, аз ин лиҳоз иловаҳои махсуси хӯрокаро, ки дорои виамини Е ҳастанд, истеъмол кардан лозим меояд.
  6. Калсий-ин элементи кимиёвӣ дар қувваи мардӣ нақши муҳимро мебозад. Аз ҳад зиёд будани калсий ва баръакс норасоии он ба кори узвҳои ҷинсӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин лиҳоз, дар хӯрдани маҳсулоти калсийдор вояро нигоҳ доред.
  7. Сафеда-бе ин элемент дар ҷисми мард миқдори даркории моеи нутфа ҷамъ намешавад. Истеъмоли ҳаррӯзаи ғизоҳои аз сафеда бой ба саломатии мард таъсири хеле хуб расонида, мард дар вуҷуди худ қувваю нерӯи тозаро эҳсос менамояд ва шавқу рағбаташ ба ҷинси зан меафзояд.

 

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.