КЎҲНАВАРД. Анвар Шукуров – иқтисодчие, ки қуллаи Ленинро фатҳ кард

Солҳост номи ин ҷавонмарди тоҷикро касе ба забон намеорад. Ҳарчанд ки замоне корномаи ӯ саҳифаҳои рӯзномаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва давлатҳои хориҷиро пур мекард. Ӯ ватандӯст буд, бо номи миллати тоҷик  ва диёри азизи худ Тоҷикистон  фахр дошт.

Анвар Шукуров дар кӯҳистони Ванҷ, дар деҳаи зебоманзари Чихох дар оилаи раиси Комиҷроияи ноҳия, баъдан муовини раиси Комиҷроияи ВМКБ, аввалин хатмкардаи Мактаби олии ҳизбии Москва, муовини  вазири молия ва раиси кассаҳои амонатии Тоҷикистон Ғайрат Шукуров таваллуд ёфта, ба воя расид. Таҳсили миёнаро дар маҳалҳои гуногун мегирад, зеро падарро ба корҳои ҳизбӣ пайваста сафарбар  мекарданд. Таҳсилоти олиро дар Университети шаҳри Москва ба номи Ломоносов соҳиб гардида, ба Тоҷикистон бармегардад ва дар Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ходими илмӣ фаъолият менамояд.

Анвар ҳанӯз аз даврони донишҷӯӣ ба кӯҳнавардӣ шуғл дошт. Соли 1952 дар наздикии деҳаи Зиддии дараи Варзоб дар қисмати чапи дарёча лагери кӯҳнавардии «Искра» таъсис ёфт. Ӯ ва дӯсти мактабиаш аз шаҳри Хоруғ Зокир Абдулвосиев аъзои ин лагер шуданд. Лагер дар 4 навбат  кор мекард ва ду ҳазор  аъзо дошт. Мураббиёни рус ба  кӯҳнавардони тоҷик дарси кӯҳнавардӣ меомӯзонданд. Баъдтар 217 кӯҳнавард ба қуллаи «Ҷавонон»  баромада, бо нишони «Алпинисти СССР» мукофотонида шуд, 119 нафар соҳиби дараҷаи варзишӣ ва 12 нафар соҳиби дараҷаи аввали варзишӣ гардид.

Анвар Шукуров яке аз он кӯҳнавардони наврасу умедбахши тоҷик буд, ки нахуст  бо нишони «Алпинисти СССР» сарфароз гардида, дараҷаи аввали варзиширо  соҳиб шуд. Мураббии кӯҳнавардон  Леонид Коржавин маҳорат ва истеъдодашро ба инобат гирифта, ӯро ба гурӯҳи фаъол шомил намуд, ки сарварии онро кӯҳнавард Владимир Сергеевич Машков ба уҳда дошт.

Соли 1954 баромадан ба қуллаи 4872 метраи «Орзу» ба миён омад. Барои фатҳи қулла чор кӯҳнавард омода гардид. Кӯҳнавардон роҳи пурмашаққатеро тай намуда, ба қулла наздик шуданд. То фатҳи он 35 метр монда буд, аммо аз шиддати тундбод маҷбур ба лагер баргаштанд ва фатҳи қуллаи саркаш ҳамчун орзу боқӣ монд. Пас аз як сол  гурӯҳи нав   27 сентябри соли 1955 бо роҳбарии кӯҳнаварди беларус Иван Ромашевский  таъсис ёфт, ки ба ҳайати он кӯҳнавардони тоҷикистонӣ Анвар Шукуров ва Ростислав Панков шомил гардиданд. Қулла фатҳ гардид. Ин нахустин бурди кӯҳнавардони тоҷик буд, ки аз он тамоми рӯзномаҳои  Иттиҳоди Шӯравӣ  хабар  доданд. Рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» мақолае  бо унвони «Штурм» нашр намуд, ки дар он муаллиф аз дурахши ситораи кӯҳнаварди тоҷик Анвар  Шукуров  хабар медод.

— Пас аз ду сол чор кӯҳнаварди москвагӣ девораи қисми чапи «Орзу»- ро фатҳ намуд, ки роҳи мушкилтарин ба шумор мерафт. Анвар пас аз ду сол  бо ҳамроҳии Владимир Машков ва Светлана Коленкина бо ин роҳ ба қулла баромаданд.

Ин музаффарияти нав, ки кӯҳнавардони тоҷик ба он муваффақ гардиданд, эҳтироми онҳоро байни кӯҳнавардони Иттиҳоди Шӯравӣ бештар намуд ва дигар ҳеҷ мушкилот садди роҳи Анвар намешуд. Анвари ҷавон, кӯҳнаварди ҷасуру матиниродаи тоҷик боз қуллаҳои «Ҷавонон», «Давра», «Баҳубӣ» — ро кашф намуда, заминаи инкишофи кӯҳнавардиро дар Тоҷикистон  гузошт.

Солҳо сипарӣ мешуданд. Анвар акнун мураббии кӯҳнавардони ҷавон буд ва пайваста онҳоро ба фатҳи  қуллаҳои нав ба нав ҳидоят мекард. Дар баробари кӯҳнавардӣ  Анвар  дар Академияи илмҳои Тоҷикистон  ба сифати ходими илмӣ фаъолият дошт. Дар шаҳри Москва таҳти роҳбарии олими соҳаи иқтисод Сергей Алексеевич Первушин рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Самаранокии иқтисодии коркарди маъданҳои полиметалии Тоҷикистони шимолӣ дар асоси истифодаи комплексӣ» ҳимоя намуда, номзади  илмҳои  иқтисодӣ гашт. 

Анвар дар баробари тадқиқотҳои илмии самарабахш ба нафъи Ватан аз кӯҳнавардӣ дур будан наметавонист. Соли 1954 аъзои дастаи яккачини кӯҳнавардони Иттиҳоди Шӯравӣ гардида, чун сардори гурӯҳи кашшофон дар  фатҳи қуллаҳои дастнорастарин  ҷасорати бемисл нишон медод. Тибқи нақшаи тарҳрезишудаи ӯ якчанд қуллаҳои кӯҳҳои Зарафшону Ҳисор ва Бадахшон кашф гардиданд. Дар як қуллаи баландтарину  осмонбӯс номи кӯҳнаварди ҷасоратпешаи тоҷик  Анвар Шукуров сабт гардид. Бисёр дастаҳои кӯҳнаварди бонуфузи олам барои кашфи қуллаҳои навин ӯро ба гурӯҳи худ мехонданд, вале  Анвар  мехост, ки дар Тоҷикистони азизаш дастаи пурқуввати кӯҳнавардӣ пайваста дар амал бошад, то фатҳномаҳои ӯ бо номи Ватани азизаш — Тоҷикистон дар саҳифаҳои таърих сабт гарданд. 

Аз  соли 1928 то соли 1932  қуллаи баландтарин дар Иттиҳоди  Шӯравӣ  қуллаи Ленин  шумурда  мешуд, ки баландии он ба  7127 метр баробар буд. Лекин  баъдтар  маълум шуд, ки дар Боми Ҷаҳон, дар  ноҳияи Ванҷ, дар наздикии  пиряхи Федченко  қуллаи дигарест, ки баландии он ба 7495 метр баробар аст. Аз ин лиҳоз, тамоми кӯҳнавардони ватаниву хориҷӣ  барои фатҳи он талош доштанд, то дар ин роҳ раҳкушои аввалин бошанд. Кӯҳнавардони тоҷик низ орзуи фатҳи қуллаи  гардунвиқорро  дар дил мепарвариданд, вале ҳанӯз роҳи тӯлоние барои ба мақсад  расидан онҳоро дар пеш буд.

Соли 1962   Анвар Шукуров ва Владимир Машков  ва 11 нафари дигар барои фатҳи қуллаи Ленин сафарбар гардиданд. Ин аввалин экспедитсияи тоҷик буд, ки барои расидан ба ин мақсад таъсис дода шуда буд. Анвар сарвари гурӯҳи кашшофон интихоб гардид. Тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ интизори корномаи кӯҳнавардони Тоҷикистон буданд.  Онҳо водии  Олойро гузашта, дар  бошишгоҳи кӯҳнавардон дар баландии  3300 метр қарор гирифтанд. Даста 3 рӯз дар бошишгоҳ ором  гирифта, нақшаи амалиётро тарҳрезӣ кард. Анвар Шукуров ҳамаро бодиққат шунида, нақшаи амалиёти тарҳрезишудаи худро пешниҳод намуд. Мувофиқи ин нақша амалиёт аз мушкилтарин ҷойҳо мегузашт ва роҳро низ кӯтоҳ мекард. Тибқи ин амалиёт барои тезтар ба ҳадаф расидан, кӯҳнавардон бояд дар  се истгоҳ дам  гирифта, дусад  килограмм  борро кам мекарданд, ки ин мушкилоти роҳ ва ҳам хатарро кам мекард. Нақшаи амалиёти қуллаи Ленин дар ёдномаҳои кӯҳнавардон  бо номи нақшаи Анвар  Шукуров ёдовар  мегардад.

Субҳи  21 август фатҳи қулла оғоз ёфт. Қисми аввали роҳ ба осонӣ  тай гардид. Дар қисми дуюми роҳ девораи азаматҷуссаи яхин меистод, ки он мушкилоти зиёдеро барои кӯҳнавардон пеш овард. Таҳти роҳбаладии Анвар  аз девораи  яхин низ гузаштанд. Кӯҳнавардон яке паси дигар ба қулла баромада, якдигарро оғӯш мекарданд. Ин манзараро В. Машков дар китобаш «Баландиҳои кишвари мо» чунин баён мекунад. «Кӯҳнаварди нахуст ба қулла баромада, дигаронро, ки ворид мешуданд, оғӯш карда, мебӯсид. Мо дар баландием. Дар дасти роҳбари гурӯҳи кашшофон Анвар Шукуров Парчами ҷамъияти варзишии Тоҷикистон алвонҷ дорад». Машков дар як мақолаи дигараш дар китоби «Боми Ҷаҳон» менависад: «Анвар Шукуров боз қалам ба даст гирифта, аз рӯи анъана дар санги қулла чунин навиштаҷотро сабт намуд: «Салом ба кашшофони оянда».                               

Пас аз ин  дастоварди муҳими кӯҳнавардони тоҷик аз тамоми гӯшаву  канори Иттиҳоди Шӯравӣ ба Кумитаи ҳизби коммунисти Тоҷикистон барқияҳои шодбош ворид гардиданд. Кӯҳнавардони ленинградӣ  нақшаи амалигардидаи  Анварро беҳтарин шумурда, ваъда доданд, ки аз рӯи ин нақша ба сӯи қуллаи Ленин амалиёт хоҳанд гузаронд.

Мавсими дигар Анвар  мақсад дошт, ки Парчами  ҷамъияти варзишии  Тоҷикистонро ба  қуллаи «Коммунизм» расонад. Барои ба мақсад ноил гардидан дар гӯшаҳои гуногуни Ватан пайваста амалиётҳои  кӯҳнавардӣ мегузаронд.

Соли 1966  ҷамъияти кӯҳнавардони Италия барои кашфи қуллаҳои Алп Анварро  ҳамчун кӯҳнаварди  боварибахш аз Иттиҳоди Шӯравӣ ба Италия даъват менамоянд. Пеш аз сафар Анвар мехост кӯҳсори Фондарёро фатҳ намояд.  Бо ин мақсад аввалҳои моҳи август дар қисми поёнии кӯҳсор, дар наздикии Искандаркӯл  қароргоҳ мегиранд. Дар  муддати   16 рӯз  қуллаҳои баландтарини  онро  фатҳ намуда, бармегарданд. Сипас, бо заврақ нияти аз Искандаркӯл гузаштан доштанд, зеро дар он тарафи Искандаркӯл онҳоро дӯстон интизор буданд.

Владимир  Машков дар китобаш  «Баландиҳои кишвари мо» ин ҳодисаро чунин шарҳ медиҳад: «Шаби 16 августи соли 1966 ҳангоми бо заврақ аз Искандаркӯл  гузаштани кӯҳнавардон, ки онҳоро дар соҳил  мошин интизор буд, чор нафар кӯҳнавард: Геннадий Нечунаев, Маргарита Никколова, Антон Или ва Анвар Шукуров ғарқ гардида, ҳалок шуданд». Ин ҳодисаи фоҷиавӣ барои кӯҳнавардони тоҷик зарбаи сахте буд, зеро онҳо дӯст, роҳбари ҷасуру бебоки худро аз даст доданд. Анвар симои барҷастае буд, дар илми иқтисод ва кӯҳнавардӣ, дар кӯҳнавардӣ сифоти ӯро  дигар кӯҳнавардон надоштанд. Кӯҳнавардон В Машков, Сергей Ширкин ва дигарон дар  ёддоштҳояшон  ин ибораро бештар истифода кардаанд: «Анвари ҷасур, далер, нотарс, бебок».

Сергей Ширкин дар як очеркаш овардааст: «Ба таври фоҷиавӣ аз дунё рафт, Анвар Шукуров – аввалин кӯҳнаварди тоҷик, инсони ҷасуру бебок, ки дар умри кӯтоҳи худ саҳифаҳои наве кушод дар  уфуқҳои кӯҳнавардӣ». Ёди уқоби кӯҳистони тоҷик ба хайр.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,

Пайшанбе ШОҲЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *