Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Кӣ чӣ мансаб гирифт?

Бо қарорҳои ҳукумат ва амрҳои Президент рӯзи 13 август инҳо мансаби нав гирифтанд:
1.Бобозода Ҳокимшо – раиси бонки нави «Саноатсодиротбонк»,
2.Амирзода Ориф — мудири Пажғҳишгоҳи масоили об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳо,
3.Нуриддинзода Сайҷамолиддин – мудири «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб»,
4.Давлатқадам Бахтовар – мудири мактаб-интернати ноҳияи Рӯшон, Азизӣ Зебуннисо — муовини мудири«Телевизиони Сафина»,
5.Ҳошимзода Даврон сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
6.Соҳибзода Муҳаммадҷон муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамчунин бо фармонҳои президент, раисони нави судҳои ВМКБ, шаҳри Норак ва ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, муовинони раисони судҳои вилояти Хатлон, шаҳрҳои Бохтар ва Ваҳдат аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаи мақомоти судӣ таъин гардида, дар мувофиқа бо президент прокуророни ноҳияҳои Кӯшониён, Хуросон ва Шаҳритуси вилояти Хатлон, шаҳри Исфара ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, ноҳияи Тоҷикобод ва прокурори гарнизони ҳарбии ноҳияи Рашт иваз карда шуданд.

  1. Назарзода Абдуҳанон Худойназар раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардида, аз вазифаи муовини раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.
  2. Аҳёзода Шамсулло Салим муовини раиси суди вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи раиси суди шаҳри Нораки вилояти Хатлон озод карда шавад.
  3. Муҳиддинзода Сайфидин Салоҳ муовини якуми раиси суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи муовини раиси суди вилояти Хатлон озод карда шавад.
  4. Раҳмон Ҷурахон Қурбоналӣ раиси суди ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод карда шавад.
  5. Сафарзода Маҳинабону Файзулло раиси суди шаҳри Нораки вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон озод карда шавад.
  6. Усмонзода Шоғуфрон раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд таъин гардида, аз вазифаи раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.
  7. Раҳмонзода Малоҳат Солеҳ муовини якуми раиси суди шаҳри Ваҳдат таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озод карда шавад.
  8. Олимзода Улфат Розиқ бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон,
    Ашурзода Алишер аз вазифаи раиси суди ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон,
    Бекзода Абдураҳим Абдулло аз вазифаи раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд,
    Раҳимзода Абдусалим аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколати дар вазифаи судя будан озод карда шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо кадрҳои навтаъйин гуфт, сиёсати пешгирифтаи давлат ба беҳбуди сатҳу сифати зиндагии мардум, таъмини волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, мубориза бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлубу унсурҳои барои ҷомеа бегона, риояи баробари иҷрои қонуну барномаҳои давлатӣ равона гардида, барои иҷрои ин ҳадафҳо аз ҳар яки Шумо меҳнати софдилона ва фаъолият дар чаҳорчӯби қонунро талаб мекунад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.