Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Кӯлоб: Кӯдакони кӯчаро кӣ соҳибӣ мекунад?

Бо эълон намудани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон, алалхусус ба манотиқи Хатлон рӯз то рӯз меафзояд.

Албатат, хурсандибахш аст, ки Кӯлобшаҳри бостониро пойтахти фарҳангии кишвар эътироф намудаанд ва сайёҳи дохилу хориҷ орзуи тамошои мавзеъҳои беназири Кӯлоб ва ноҳияҳои минтақаи Хатлонро дорад. Ҳамаги гувоҳем, ки дар қатори 220 давлати дунё Тоҷикистонро дуюмин кишвари амнтарин дар ҷаҳон эътироф намудаанд. Яқин, ки ҳамчунин аст ва мо бо тамоми ихлос ва кулли эътимод ба ин фикри бикр розием ва боварӣ дорем.

Вале озодии мутлақи иҷтимоӣ дар Кӯлоб то ба он ҷое расидааст, ки навраслӯлиёни хатлонӣ (ҷӯгиҳо) дар роҳрави истгоҳи автомобилии марказии шаҳри Кӯлоб дар ин фасли сармо сар ба бистари мулоими беназоратию бенавоӣ ва моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар ниҳодаанд.

Бо дидани акси дар боло ҷойдошта худ қазоват намоед, ки меҳмонони дохилу хориҷ ва алалхусус туристони ба Кӯлобшаҳри бостонӣ  воридшуда бо дидани ин манзараи дилхарошу ҷонсӯз ба фарҳангу менталитет ва инсондӯстии мо чӣ баҳое медода бошанд?

Ҳадаф аз нигоштани ин нукот бандаро ин аст, ки ин кӯдакони бепаноҳ, агарчӣ маккоранд ё гадову бенаво, ҳар чӣ ки ҳастанд барои худ оғӯши паноҳандагие дошта бошанд.

Хуб мешуд, ки нозирони минтақавӣ ва институтҳои ҷамъиятӣ бо назардошти моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” уҳдадориҳои падару модариро ба волидайн инчунин кӯдакон фаҳмондадиҳӣ намоянд ва ин кӯдаконро аз кӯчаҳо ҷамъ оранд.

Бахтовар Қаландаров,

н. Муъминобод

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.