Кӯлоб чанд Сурайё дорад? Айб аст, ки як ҳунарманди бузург таҳқир шавад

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон овозхони маъруфи кишвар Сурайё Қосимоваро ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст. Сабаби ҷарима шудани сароянда дар шаҳри Душанбе зиндагӣ карда, ҳамчун овозхони ансамбли “Фалак”-и Кӯлоб музди меҳнат гирифтанаш мебошад.

Хабари ҷарима шудани Сурайё Қосимова, примадоннаи санъати тоҷикро шунида, хеле ғамгин шудам. Наход мо чунин як ҳунарманди бузургро таҳқир кунем, зеро ҷаримаи ин сароянда таҳқир ба ному кораш аст. Чаро?

Албатта, ман гуфтанӣ нестам, ки кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нодуруст рафтор карданд ё амали онҳо ғайриқонунист, вале ҷарима кардани ин ҳунарманд аз рӯйи адолат нест.

Сурайё Қосимова 51 соли умри худро сарфи хизмат ба миллату давлат карда, наход ба чунин рӯз сазовор бошад?

Дигар ин ки сароянда ҳамеша дар Кӯлоб ва мардуми Кӯлоб аст. Шояд аксар вақт дар назди фарзандонаш дар Душанбе бошад, вале ҳамеша дар чорабиниҳо баромад мекунад ва тӯю маъракаи мардумро обод месозад.

Бубинед, ки ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, раиси шуъбаи фарҳанги вилояти Хатлон Аловиддин Абдуллоев ва Абдураҳим Одинаев, мудири бахши Раёсати Фарҳанги вилояти Хатлон дар минтақаи Кўлоб ба журналист Аҳмади Иброҳим чӣ гуфтаанд:

Аловиддин Абдуллоев:

«Сурайё Қосимова дар ҳама чорабиниҳои фарҳангии минтақа шаҳр ва вилоят ҳозир аст.  Хоҳ рўзи модар бошад, хоҳ ҷашни Истиқлолият, хоҳ Наврўз Сурайё Қосимова ҳозир асту аз сидқи дил хизмат мекунад.»

Абдураҳим Одинаев:

«Апаи Сурайёро дар ҳар чорабиние, ки даъват мекунем, бе ягон инҷиқӣ қабул мекунад, сари вақт меояд ва аз сидқи дил хизмати мардум мекунад. Дар ҳоле, ки дигар ҳунармандон барои иштирок дар як чорабинӣ то 10 000 сомонӣ талаб мекунанд. Апаи Сурайё бо ҳама ҳунари волояш аз ҳисоби худ меояд ва бепул хизмат мекунад. Мо аз он кас миннатдорем. Моҳонаи каме, ки дар инҷо мегирифт маҳз барои ҳамин хизматҳояш буд.»

Аз ин бармеояд, ки ҳунарманди номвар ва содиқ ба миллату Ватан Сурайё Қосимова рисолаташро дар Кӯлоб пурра иҷро мекунад. Яъне маошашро ҳалол карда мегирад. Бояд Агентии коррупсия ин чизҳо ва хизматҳои Сурайё Қосимовароба назар гирифта, ӯро аз ҷарима озод мекард.  

Бубахшед, Кӯлоб ва умуман Тоҷикистон чанд Сурайё дорад?

Маҳмадулло Абдуллоев,

омӯзгор аз шаҳри Кӯлоб

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *