Кӯдаки 8-моҳаамро аз хонаам дуздиданд

Дарди дили модаре, ки 23 сол боз писарашро меҷӯяд

“Бачаамро дуздиданд! Писараки 8-моҳаамро аз бағалам дуздида бурданд! Аз ғами фарзанд қариб девона шудаам. Илтимос, дар ёфтани бачаам ба ман ёрӣ расонед. Ақаллан як бор рӯйи писаракамро бинам, баъд мурам ҳам, дигар ормон надорам…”,-ин нидои дили як модари зор аст, ки ғами ҷудоӣ аз фарзанд ҷигарашро реш-реш намудааст. Амина Яқубова сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Айнӣ 16, ҳуҷраи 8 мебошад. Ин зани фарзандгумкардаро дарди ҷудоӣ аз ҷигарбандаш ба идораи ҳафтаномаи “Оила” овардааст. Ба хотири фаҳмидани асли ҳодиса мо бо Амина Яқубова ва духтараш Мадина, ки шоҳиди бевоситаи дуздидани додараш будааст, ҳамсуҳбат гаштем.

Модари азиз, ростӣ, мо аз суханони шумо ба ҷуз он ки писаратонро дуздидаанд, дигар чизе намефаҳмидем. Метавонед ҳодисаро дурусттар шарҳ диҳед? Фарзандатонро кай ва чӣ гуна рабуданд?

Моҳи апрел буд. Тақрибан соатҳои дуи шаб масти хоб будем, ки садои тақ-тақи дар баромад. Гумон кардам, ки зани ҳамсоя аст, чунки як овози занона номи духтарамро гирифта, “Матлуба, Матлуба” гуфта, садо мекард. Дарро кушоданамро медонаму халос, баробари боз гаштани дар марди тануманде зада ба хона даромад ва даҳонамро бо кафи дасташ маҳкам дошта, кашолакунон маро ба хонаи хоб даровард. Бо чашмони ҳаросон дидам, ки чӣ тавр аз паси он ғулбарзангӣ як зани миёнасоли сафедпӯст ба хона даромад ва писарчаи ҳаштмоҳаам Дилшодҷонро, ки дар рӯйи ҷогаҳ хоб буд, ба бағалаш гирифта, сӯи дар давид. Бо дидани ин манзара ман ба ҳолати шок афтидам. Хайрият, ки ҳамин вақт духтарам Мадина аз хоб бедор шуд ва чун дид, ки марди ношиносе даҳони маро маҳкам дошта, гулӯямро буғӣ карда истодааст  бо тамоми овоз дод гуфт. Ғоратгар шояд аз тарси он ки ҳозир ҳамсояҳо омада мемонанд, маро сар дода, рӯ ба гурез ниҳод.

-Шавҳаратон дар куҷо буданд, ки ба имдоди шумо нарасиданд?

-Писарам ҳанӯз дар батнам буд, ки шавҳарам вафот кард. Аз афташ кӯдакдуздон хуб медонистанд, ки ман як бевазани танҳо ҳастам ва аз дастам ягон кор намеояд. Аз ҳамин сабаб, ин қадар  шердилона зада ба хонаам даромаданду кӯдакамро аз ҷогаҳи хобам дуздида бурданд.

-Шояд касе бо мақсади қасос гирифтан ин корро ташкил карда бошад? Пеш аз ин ҳодиса бо ҳамсояҳо ё ягон шахси дигар ҷангу ҷанҷол ё баҳсу мунозира накарда будед?

Не, мо ба касе кор надоштем. Шавҳарам низ марди хоксор ва бисёр меҳрубону беозор буд. Кӯдаконамон, ки хурд буданд, қариб, ки аз хона намебаромадем. Ман гумон мекунам, ки мақсади онҳо қасос гирифтан не, дуздидани кӯдак буд. Эҳтимол бачаи маро ба ягон кас бо пули калон фурӯхта бошанд.

-Чаро ба милиса хабар надодед?

-Магар хабар надода мешавад?! Баробари маро раҳо карда, рӯ ба гурез ниҳодани кӯдакдуздон ману духтарам давида аз пасашон баромадем, вале онҳоро гӯё дар як дам замин фурӯ бурда бошад, ягон ному нишонашонро  наёфтем. Дод гуфта гиря кардам. Ҳамсояҳо аз доду войи ману духтарам бедор шуда, чӣ ҳодиса рӯй доданашро пурсон шуданд. Вақте фаҳмиданд, ки писари маро дуздидаанд, ҳама якҷоя ҳамроҳам ба шуъбаи милиса рафтанд. Фамилияи милитсионереро, ки моро қабул кард ва ҳамаашро навишта гирифт, намедонам, вале чеҳрааш дар ёдам мондааст, агар бинам, мешиносам. Вай тамоми гуфтаҳои моро дар дафтараш сабт карда гирифту баъд як гурӯҳи калони милитсионерҳоро гирифта ба ҷойи ҳодиса, яъне ба хонаи мо овард. Онҳо ҳама ҷойро кофтанд, ҳатто ба ҳаво тир холӣ карданд, вале аз кӯдакдуздон ягон нишон наёфтанд.

Мадина, шумо он ҳодисаро дар ёд доред?

 

 

-Вақте ки додаракамро дуздиданд, ман 7-сола будам, вале он шаби пурдаҳшат то ҳол аз ёдам нарафтааст. Масти хоб будам, намедонам Худованд маро сабаби зинда мондани модарам гардонд ё ягон садо боис гашт, ки нимаи шаб якбора бедор шудам. Чашмонамро кушода дидам, ки як мардаки бегона даҳони модарамро бо дасташ маҳкам доштааст. Тарсидам, ки ҳозир очаамро мекушад. Бо тамоми овоз “очаҷон” гуфта, дод задам. Мард дар дасташ корд дошт ва метавонист моро кушад, вале аз чӣ бошад, ки дод гуфтани маро дида, модарамро сар доду рӯ ба гурез ниҳод. Модарам, ки дар ҳолати шок буд, дасти маро дошта, калавида-калавида то даҳони дар омад, вале дигар қувват накарда афтид. Лабҳои модарам базӯр меҷунбиданд, аммо чӣ гуфтану чӣ хостанашро намефаҳмидам. Мани хурдакак чӣ кор карданамро надониста, аввал аз паси кӯдакдуздон ба кӯча баромадам, вале фақат ҳамин қадарашро дидам, ки ҳамон марди даҳони модарамро доштагӣ ба пушти бино тоб хӯрда, дар як дам аз назар нопадид шуд. Модарам ҳам аз пушти ман ба кӯча баромад, вале ба фикрам вай он мардро надид, чунки дертар баромада буд. Фикр мекунам, ки кӯдакдуздон танҳо набудаанд ва ба мошин нишаста рафтаанд, вагарна дар як лаҳза бе ному нишон  ғайб намезаданд.

-Баъд чӣ шуд?

-Баъд ҳамсояҳо бедор шуданд, милисаҳо омада ба ҳаво тир холӣ карданд ва тамоми гирду атрофро кофтанд, аммо ягон одами шубҳанокро наёфтанд.

Додаракатонро дар ёд доред? 

-Кам-кам дар хотирам мондааст. Додарам кӯдаки бе нуқси солим буд. Дар ҳаштмоҳагӣ кӯдаки яксоларо мемонд ва кӯшиши роҳ гаштан мекард. Дар ёдам ҳаст, ки чӣ тавр аз дастонаш гирифта, тай-тай по-по гӯён, роҳгардиро ба Дилшодҷон ёд медодем. Ҳанӯз гап намезад, вале ҳар гоҳ модарам ӯро ба бағалаш гирад, аз гиребони куртааш маҳкам қапида “ота, ота” мегуфт. Аввалин калимааш ҳамин буд.

Модари азиз, шумо мегӯед, ки писаратонро соли 1995 дуздида бурданд ва агар имрӯз дар баратон мебуд, як йигити зебои 23- сола мешуд. Наход дар тӯли 23 сол ягон ному нишони кӯдакдуздонро пайдо накарда бошанд?

Ростӣ, солҳои аввал ҷинояткоронро хеле кофтанд, вале паяшонро наёфтанд. Баъд милисаҳое, ки аз ин воқеа хабардор буданд, баъзеашон ба нафақа баромаданду бархи дигар аз кор рафтанд. Ба ҷойи онҳо одамҳои нав омаданд. Аз чӣ бошад, ки онҳо ба гапи ман бовар намекунанд ва чандон эътибор намедиҳанд. Эҳтимол гумон мекунанд, ки бемории руҳӣ дорам ва аз пеши худам ин гапро бофта, писарамро 23 сол пеш дуздиданд мегӯям.

Пас аз 23 соли гум шудани фарзандатон шумо ба редаксия муроҷиат намудед. Бо кадом мақсад? 

-Вақтҳои охир кормандони милиса ҷиноятҳои 25-30 сол пеш содиршударо кушода ҷинояткоронро ёфта истодаанд. Инро дида дар дилам умед пайдо шуд, ки шояд бахтам механдаду писари гумгаштаи маро ҳам меёбанд. Эҳтимол ягон кас Дилшодҷони маро ба фарзандӣ қабул карда бошад. Ман зид нестам, бигзор ҳамон одамонеро, ки ӯро калон кардаанд, падару модар хонда, як умр хизматашонро кунад. Ман танҳо як хоҳиш дорам, иҷозат диҳанд, ки ақаллан як бор рӯйи писаракамро бубинам ва ӯро ба оғӯш гирифта аз бӯяш сер шавам.  Натарсанд, мақсади ман касеро гунаҳкор кардан ва ба пушти панҷара шинондан нест. Аз ҷавобгарӣ метарсида бошанд, метавонанд худашон наомада, писарамро танҳо ба хонаи ман, ки дар суроғаи Ш. Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Айнӣ 16, ҳуҷраи 8 фиристанд. Ягона орзуи ман дидани писаракам аст. Як бор Дилшодҷонамро ба оғӯш бигираму бӯякаш ба димоғам занад, баъд мурам ҳам, дигар ормон надорам!

Суҳбаторо Маҳинаи Давлат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *