КҲФ гуфт: 13 кӯҳнавард ва 3 сарнишини чархбол зиндаанд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳамаи 13 кӯҳнавард ва 3 сарнишини чархболе, ки рӯзи гузашта дар поёноби пиряхи Фортабек дар ҳудуди ноҳияи Лахш ба садама дучор шуд зинда ҳастанд.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи кумита 13 август гуфт, ки хабари бархӯрди ин чархбол ба кӯҳ иштибоҳан нашр шуда ва ҳама сарнишинони он саломат мебошанд

Вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир тамос бо ин кӯҳнавардон барқарор шуда ва се чархболи наҷотдиҳандаҳо омодаи парвоз ба маҳалли фуруди изтирории чархбол ҳастанд. Чархболи кӯҳнавардон рӯзи гузашта ҳини бозгашт дар ҳудуди ноҳияи Лахш ба мушкили парвоз рӯбарӯ шуд.

Бино ба хабарҳои аввалия, чархболи МИ-8 соати тақрибан 16:30 дақиқаи рӯзи якшанбеи 12-уми август замоне ба садама дучор шуд, ки кӯҳнавардонро баъди расидан ба қуллаи Исмоили Сомонӣ, ба қароргоҳашон бармегардонд. Қуллаи Исмоили Сомонӣ (Коммунизми собиқ), 7495 метр баландӣ дорад.

Оҷонсии хабарии Mash тавассути Telegram-канали худ гуфт, ки дар миёни кӯнавардон 11 шаҳрванди Русия, як нафар аз Белорус ва як шаҳрванди Испания мебошанд. Исми онҳоро ҳам ин вебсайт нашр кардааст ва бар асоси ин маълумот, онҳо 32 то 66-солаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *