КҲФ ҳушдор медиҳад: Аз селу жола эҳтиёт шавед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон (КҲФ) аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар сурати ҷорӣ шудани сел, боридани борони шадид ё жола ва раъду барқ аз манзили хеш берун нараванд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон (КҲФ) аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар сурати ҷорӣ шудани сел, боридани борони шадид ё жола ва раъду барқ аз манзили хеш берун нараванд.

Аз ҷумла, дар сомонаи КҲФ ба ронандагон тавсия дода шудааст, ки ҳангоми ҷорӣ шудани сел бояд чи кор кунанд. “Агар ҳангоми сел шумо дар нақлиёти шахсӣ будед, мошинро ба канор ронед ва чун ҷойи муносиб ва бехатар пайдо кардед, аз ҳаракат бозистед ва мунтазир бимонед. Чароғакҳои садамавиро рушан кунед ва интизори он бошед, ки сел бигзарад”.

Ба ҳангоми вазидани боди шадид ба сокинон тавсия шудааст, ки аз рекломпояҳо, сохтмонҳои таконхӯранда ва биноҳои ноустувор дурӣ ҷӯянд, зери дарахтон наистанд, аз зери пулҳо, қубурҳои обгузар, хати интиқоли неруи барқ нагузаранд ва  он он ҷо паноҳ набаранд.

Дар сурати рух додани раъду барқ моҳидорон билофосила аз кор  даст бардошта, аз соҳил дарё ё кӯл дур шаванд. Ҳамчунин, дар кӯча телефони мобилро хомӯш кунанд.

Дар ин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз ду ҳодисаи  марги сокинони кишвар бар асари ҳодисаи табиӣ хабар додааст.

Бар асари ҷорӣ шудани сел дар деҳаи Баҳористони шаҳри Турсунзода навраси 16-сола ҷон бохтааст.

Дар шаҳри Душанбе бошад, дар натиҷаи вазидани боди шадид дарахти азим болои мошини “Daewoo Tico” чаппа шуда, мусофири он ҳалок шуда ва ронанда шадидан ҷароҳат бардоштааст.

Агентии ҳавошиносии кишвар аз ҳавои тағйирёбандаву боронӣ то охири моҳи апрел хабар додааст. Дар натиҷаи боришоти пайваста, об шудани барфи кӯҳҳо метавонад боиси лағзиши хоки нармшудаи теппаҳо, афзудани сатҳи оби дарёву рӯдхонаҳо, каналу обанборҳо  шавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.