КӮШИШИ БЕСАМАР

Дастгирии беморони сил, табобати саривақтии онҳо ва ҳамчунин муҳайё намудани шароити хуби корӣ ба табибони бемории сил муҳим аст.

Рисолати муқаддаси ҳар табиби ин беморӣ низ бузург аст, чун аксари гирифторони ин беморӣ аз ҳаёт дасту дил мешӯянд ва пайвандону атрофиёни онҳо низ. Хостем аз фаъолияти Маркази мубориза алайҳи бемории сил огоҳ шавем. Инак, фишурдаи суҳбатҳо бомасъулин:

Бино ба гуфти Дадаxонов Зариф сарвари маркази мубориза бар зидди бемориҳои сили ноҳияи Ашт  ба Раиси ноҳия, Азимбой Азизӣ дар санаи 29.08.2014 таҳти №01-14/088 оид ба расондани кӯмаки молиявӣ ариза ва дархост кардаанд. Дар ин радиф санаи 02.07.2014  таҳти рақами 1226-2/2 аз номи муовини онвақтаи аввали Раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов низ мактуб ирсол шудааст, ки дар татбиқи «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015»ба ин самт чораандешӣ намоянд. Аммо мутаассифона иҷроиши нуктаҳои ин қарорҳо шири шутур хӯрданд.

Зариф Дадаxонов мегӯяд, ки санаи 16. 11. 2015  ба унвони Раиси ноҳия барои ёрии молиявӣ муроҷиат кардам. Роҳбарияти МИҳД ноҳия гуфтанд, ки аллакай аризаи шумо ба Раёсати молия ирсол шудааст ва ба шумо посух хоҳанд дод.

Санаи 17.11.2015 таҳти №2383 ба номи Раиси  ноҳия аз ҷониби сардори Раёсати молия Кабир Нурматов ҷавоб ба  мактуби маркази мубориза бар зидди бемориҳои силли ноҳия гардонида шудааст, ки чунин гуфта мешавад:  «Оиди харидории доруворӣ барои марказ дар буҷети маҳаллии ноҳия барои соли 2016 ба инобат гирифта мешавад.»

 Дар соли 2016 кормандони Раёсати молия ба  Дадаxонов Зариф, сардори марказ гуфтанд, ки аризаи ӯ қонеъ карда шудааст ва ба суратҳисоби Маркази саломатии ноҳия 10 ҳазор сомонӣ маблағ гузаронида шудааст.

Аммо сарвари маркази мубориза бар зидди бемориҳои сили ноҳияи Ашт

аз он шикоят мебарад, ки аллакай 6 моҳи соли 2016 гузаштаву  аз 10 ҳазор сомонии ҷудо гардида беш аз 600 сомонӣ ҳамчун ширпулӣ ба марказ ҷудо шудаасту халос. Бар замми ин 3 нафар корманди марказ, ки махсусан бо гирифтан ва омeзиши балғами маризони сил сару кор доранд, аз кӯмак пулӣ ва ширпулӣ маҳруманд.

Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала мо  ба сармуҳосиби Маркази саломатии ноҳия Садриддин Сабуров муроҷиат намудем. Оид ба ҷудо нагардидани маблағ барои маркази силшиносии ноҳия чунин баёни андеша намуд:

—Воқан ба суратҳисоби Маркази саломатии ноҳия ба ҳадди 10 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Раёсати молия пул ҷудо гардид. Аммо дар ягон санад ва мактуби МИҲД ноҳия навишта нашудааст, ки 10 ҳазор сомонӣ махсусан ба  маркази силшиносии ноҳия дода шавад. Ба хотири ҳамин маблағи ҷудогардида дар асоси дастурамал «оид ба пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун кӯмак, яъне ширпулӣ додем.  Дар дастур алмали мазкур кормандони соҳаи силшинос ба  рӯихати шифокорони шароити кориашон хавфнок шомил нашудаанд. Барои ҳамин мо наметавонем аз ҷиҳати маблағ кӯмак кунем.

Зимни муроҷиат муовини сардори Раёсат молия Ҳабиб Неъматов гуфт, ки мо воқеан мактуби маркази мубориза бар зидди бемориҳои сили ноҳияро ба назар гирифта, маблағ ҷудо намудем. Ба унвони махсусан маркази силшиносӣ ноҳия гузаронида шудани маблағро пурсон шудем. Номбурда гуфт, дар умум  ба суратҳисоби Маркази саломати ноҳия 10 ҳазор сомонӣ гузаронидем, махсусан ба маркази силшиносӣ не.

Тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бемории сил» бояд шифокорони силшинос аз дигар духтурон ду маротиб беш маъош гиранд.

Дадаxонов Зариф мегӯяд, ки то инҷониб ягон табиби силшиноси ноҳия  аз маоши муқаррарӣ зиёд музди меҳнат нагирифтаанд. Шифокорони марказ кунун ниёз ба дастгирӣ ва поси ҳуқуқи худ доранд.

Дар радифи шифокорони соҳа  ягон беморони ба сил гирифтор шуда низ ёрии моддӣ надидаанд. Дар ҷамоати деҳоти Ориён бо як бемори ба сил гирифтор шуда суҳбат кардем. Ӯ аз ифшои номаш худдорӣ намудагуфт:

Ман 7 моҳ инҷониб аз сабаби ба бемории сил гирифтор шуданам ва алҳол табобат мегирам. Аввалан 4 моҳ дар маркази мубориза бар зидди бемориҳои сили вилояти Суғд (ММБЗБСВ-и Суғд)   бистарӣ шудам. Кунун дар назорати шифокорони ноҳия ҳастам. Барои ман кори вазнин кардан аз сабаби беморӣ мумкин нест ва айни ҳоло бекорам.  3 фарзанд дорам намедонам чӣ гуна зиндагиро пеш барам. То ин замон касе ё муасиссае кӯмакам накард. 

Ин ҷо суоле пеш меояд: ба Маркази мубориза бар зидди бемори ҳоисили ноҳияи Ашт кӣ кӯмак мекунад? Ва оё имкон ҳаст, ки ин мушкили онҳо то андозае ҳал шавад?

Ҳаётxони ОДИЛ,

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *