Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Кушиши фурӯхтани кӯдаки яксола бо арзиши 17-ҳазор доллар

Як ҷавонзани 25-солаи сокини Сурхондарёи Ӯзбакистон кӯшиш кардааст то кӯдаки яксолаашро бо арзиши 17-ҳазор доллар фурӯшад. Дар ин бора мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ дар ҷараёни як амалиёти оперативӣ аз ҷониби кормандони шӯъбаи ГСД дар вилояти Сурхондарё ҷавонзан А.У.-и 25-сола ҳангоми фурӯши кӯдаки яксола дастгир гардид.

Гуфта мешавад, ки корманди ҳифзи ҳуқуқ худро харидори кӯдак муаррифи намуда, 21 июл бо шаҳрванд А.У. дар кӯча Дӯстии халқҳо дар Гулистон во хурда, ҳангоми мубодила ҷавонзанро дастгир намудааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.