Кадом футболбози тоҷик 600 ҳазор евро аст?

Сомонаи маъруфи “Transfermarkt”-и Олмон раддабандии гаронарзиштарин футболбозони Осиёро тартиб дод. Дар ин бора хабар медиҳад varzishtv.tj.

Дар баробари кишварҳои дигари аъзои ин қора арзиши трансферии футболбозони мунтахаби Тоҷикистон низ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки миёни футболбозони тоҷик Парвизҷон Умарбоев ниммуҳофизатгари дастаи “Локоматив”-и Булғористон бо нархи 600 ҳазор евро дар ҷойи якум қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи баҳои ин сомона соли гузашта арзиши ӯ ба 500 ҳазор евро баробар буд. Дар муддати як сол арзиши ӯ 100 ҳазор евро боло шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *