Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Каналҳои нави ТВ дар Тоҷикистон ба кор медароянд

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Нуриддин Саид дар нишасти матбуотии навбатӣ хабар дод, ки дар Тоҷикистон ду канали нави телевизионӣ дар давоми сол  ба кор оғоз мекунад.

Тавре гуфта шуд, сухан дар  бораи шабакаҳои телевизионии «Илм ва табиат» ва «Туризм ва ҳунарҳои мардумӣ» меравад

Нуриддин Саид чунин шарҳ  дод, ки лоиҳаҳои ин каналҳо аз ҷониби Кумита таҳия шуда, бо вазоратҳои дахлдор мувофиқа карда шудааст ва  ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд.

Тарҳи «Шабакаи телевизионии “Туризм ва ҳунарҳои мардумӣ «-ро Вазорати молия, Вазорати адлия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати фарҳанг ва Кумитаи сайёҳӣ қабул карданд», — гуфт  ӯ. Интизор меравад, ки “Илм ва табиат” моҳи июли соли равон  пас аз тасдиқи ҳукумати Тоҷикистон ба кор оғоз мекунад ва “Туризм ва ҳунарҳои мардумӣ” бошад,  то охири сол ба пахши барномаҳои худ  шурӯъ менамояд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.