Карим Оғохон 82 сола шуд

 

Пайравони мазҳаби Исмоилия рӯзи 13 декабр зодрӯзи 82-юми имоми ин мазҳаб шоҳзода Карим Оғохони чорумро ҷашн мегиранд. Оғохони IV 13 декабри соли 1936 дар Швейтсария ба дунё омада, аз соли 1957, инак 61 сол боз роҳбарии исмоилиҳои дунё, аз ҷумла роҳбарии пайравони ин мазҳаб дар Бадахшони Тоҷикистонро бар дӯш дорад.

Ӯ яке аз пурнуфузтарин намояндагони ҷаҳони Ислом дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Рӯзи 12 декабр дар арафаи зодрӯзи 82-юми шоҳзода Карим Оғохони чорум дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамоатхона ва маркази исмоилиён расман ифтитоҳ шуд. Сокинони Бадахшон, ки бахши аъзамаш пайрави мазҳаби исмоилӣ буда, Оғохони чорумро роҳбари мазҳабии худ медонанд, ифтитоҳи ҷамоатхона ва маркази исмоилиёнро як тӯҳфаи арзанда ба зодрӯзи имомашон меноманд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *