Каримзода кам шудани пардохти гумрукӣ аз мошинҳои навро шарҳ дод

Хуршед Каримзода, муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон  воридоти мошинҳои нав ба кишварро, ки шуруъ аз моҳи январи 2017  аз пардохтҳои гумрукӣ 50 фоиз озоданд, шарҳ дод.

Хуршед Каримзода, имрӯз, 17 январ  вобаста ба саволи хабарнигори «Тоҷикистон»  гуфт, ки  дар ин хусус гурӯҳи корӣ ташкил гардид ва   лоиҳаи кам кардани пардохтҳои гумрукӣ аз мошинҳои навро таҳия карда, ба вазорату идораҳои дахлдор барои баррасӣ ирсол карданд.  Дар рӯзҳои наздиктарин ин санад қабул мешавад. «Ин ба мошинҳое дахл дорад, ки аз соли бароришашон  ҳамагӣ 3 сол гузаштааст. Аз  50 фоиз озод кардани пардохтҳои гумрукӣ тамоми намуди мошинҳо, ғайр аз трактору экскватор  ва дигар мошинҳои хоҷагии қишлоқро дарбар мегирад», — гуфт Каримзода.

Ба гуфтаи номбурда, дар ҳолати кам шудани пардохтҳои гумрукӣ аз ҳисоби мошинҳои нав ба буҷаи ҷумҳурӣ 154 миллион сомонӣ кам ворид мегардад. Аммо ӯ умедвор аст, ки аз ҳисоби зиёд шудани воридоти мошин ин маблағ пӯшонида хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *