Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Каромат Шарипов-ҳомии муҳоҷирони тоҷик даргузашт

Каромат Шарипов, ҳомии маъруфи муҳоҷирони тоҷик, шаби 8 ба 9 май дар синни 57 бар асари сактаи қалб даргузашт ва рӯзи 9 май дар зодгоҳаш – ноҳияи Файзобод ба хок супурда шуд.

Каромат Шарипов ҳамагӣ чанд соат пеш аз маргаш бо хабарнигори Озодӣ Мирзонабии Холиқзод суҳбат доштааст. Ӯ  хабар додааст, ки як порча заминашро дар вилояти Тулаи Русия фурӯхтааст ва як миллион рубл аз пули онро мехоҳад барои ниёзмандон дар Тоҷикистон ва муҳоҷирони тоҷик дар Русия хайр кунад: «Ман дар Тула як порча заминамро фурӯхтам ва як миллион рубли онро ба камбизоатҳо дар Тоҷикистон ва муҳоҷирон дар вилояти Маскав тақсим мекунам. Дар ҳаҷми 500 ҳазор рубл ба 300 хонаводаи нодор дар қуттиҳои 10 килоӣ равғану шакар ёрӣмерасонам. Хусусан дар як хобгоҳдар Душанбе занону модарони камбизоат ба сар мебаранд, аввал ба онҳо ёрӣ мерасонам. Сипас ба муҳоҷириони корӣ, ки дар ҳамин шабу рӯз дар карантин ба сар мебаранд ва ҷои кору маошу даромад надоранд…» Аммо чанд соат баъд наздикони Каромат Шарипов ба хабарнигори Озодӣ занг зада, хабар доданд, ки ӯ ҷон бохтааст.

Каромат Шарипов соли 1963 дар ноҳияи Файзобод таваллудшуда, соли 1984 мактабиолии ҳарбии Симфереполрохатм кардааст. Баъдихатм то соли2000 ҳамчун афсари неруҳоимусаллаҳи Русия дарин кишвар хизматкардааст. Соли 2007 Ҷунбишимуҳоҷирони кории тоҷикродар Русия ташкилкард ва баҳимояи ҳуқуқи муҳоҷиронмашғул буд. Ӯаз ҳомиёни ҳуқуқиҷасуре ба ҳисобмерафт, ки ошкороаз сиёсатҳои Русиядар баробари муҳоҷиронинтиқод мекард.

Каромат Шарипов соли 1963 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омада, соли 1984 омӯзишгоҳи низомии шаҳри Севастополро хатм кардааст. Ӯ то соли 1999 дар сафи артиши Русия хидмат карда, бо рутбаи майор ба нафақа рафт ва дар ҳамон соли 1999 шаҳрванди Русия шуд.

Баъди хатми хидмати ҳарбӣ Каромат Шарипов дар Русия ба ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон оғоз кард ва чандин созмон, аз ҷумла Лигаи тоҷикони Русия, Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия, Федератсияи муҳоҷирони СНГ-ро таъсис дод ва ҳатто мехост ҳизби муҳоҷирони тоҷикро низ ташкил бидиҳад. Каромат Шарипов бо ҳимояти оташинаш аз ҳаққи муҳоҷирон ва интиқоди тундаш аз мақомоти масъули Русия ва Тоҷикистон ном бароварда буд.

Дар тирамоҳи соли 2017 дар пайи маъракаҳои эътирозие, ки Каромат Шарипов ба ҳимоят аз як аробакаши тоҷики аз ҷониби посбонони бозори «Садовод латукӯбшуда ташкил кард, соҳибони пурнуфузи бозор ёру ошноҳои худро дар мақомоти давлатии Русия ба кор андохта, дар байни ҳамагӣ ду моҳ аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар «бадарға» карданд.

Рӯзи 30 ноябри соли 2017 додгоҳи Любертси шаҳрвандии русии Каромат Шариповро бекор ва ҳукми ихроҷи ӯ аз қаламрави Русияро содир кард. Каромат Шарипов ва вакили ӯ аз ин ҳукм шикоят бурданд, вале додгоҳи вилояти Маскав рӯзи 12 декабр ҳукми ихроҷи вайро тасдиқ кард. Ва ҳамагӣ чанд соат баъди ин Каромат Шариповро савори аробачаи маъюбӣ ба фурудгоҳи Домодедово оварда, ба ҳавопаймои Маскав – Кӯлоб бор карданд.

Каромат Шарипов баъди бозгашт ба Тоҷикистон талош дошт, то тавассути додгоҳҳо тасмими мақомоти Русия барои ихроҷи ӯро ботил кунад. Муттаассифона, дар додгоҳҳои Тоҷикистон аз ӯ ҳимоят накарданд ва Каромат Шарипов дар садади ба додгоҳи аврупоии ҳуқуқи инсон кашондани ҳукумати Русия буд, вале умр вафояш накард…

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.