Кашфиёти нест андар ҷаҳон! Дигар эм не, ме мегӯем…

Ҳукумати Тоҷикистон Қоидаҳои нави имло ва аломатҳои китобати забони тоҷикиро тасдиқ кардааст, ки дар он, аз ҷумла номи қисме аз ҳарфҳо иваз шуд.

Қоидаҳои нави имло ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, ахиран аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шуданд, ки баробари тағйироти дигар, номҳои нави ҳарфҳоро фаро мегиранд. Масъулини Кумитаи забони Тоҷикистон мегӯянд, ҳарфҳо ба шеваи тоҷикӣ номгузорӣ шудаанд.

Бар асоси қоидаҳои нави тасдиқкардаи Ҳукумат, ҳарфи Л минбаъд на эл балки ле ном дорад.

Номи ҳарфҳои М аз эм ба ме, Н аз эн ба не, Р аз эр ба ре, С аз эс ба се ва Ф аз эф ба фе иваз гардидаст.
Дар қоидаҳои нав ба ҷои номи у – и дароз танҳо ӯ ва и – и дароз танҳо ӣ омадааст. Ҳарфи Х низ аз ха ба хе ва Ш аз ша ба ше тағйири ном кардааст.
Ҳамин тариқ алифбои забони тоҷикӣ, ки 35 ҳарф дорад, ба тартиби зер мебошад:
Аа – а, Бб – бе, Вв – ве, Гг – ге, Ғғ –ғе, Дд – де, Ее – йе, Ёё – йо, Жж – жэ, Зз — зе, Ии – и, Ӣӣ – ӣ, Йй – йот, Кк – ка, Ққ – қе, Лл – ле, Мм – ме, Нн – не, Оо – о, Пп – пе, Рр – ре, Сс – се, Тт – те, Уу – у, Ӯӯ – ӯ, Фф – фе, Хх – хе, Ҳҳ – ҳе, Чч – че, Ҷҷ – ҷе, Шш – ше, Ъъ – сакта, Ээ – э, Юю – йу, Яя – йа.

Қаблан раёсати Кумитаи забон ва истилоҳот тағйири номи ҳарфҳоро бозгашт ба асолати тоҷикӣ хонда, тавзеҳ дод, ки хусусиятҳои фонетикӣ, садонокҳо, ҳамсадаҳо ба асолати худ баргаштанд. Дар маҷмуъ ба Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ беш аз 100 тағйирот иваз гардидаанд, ки тафсилоти он ироаи омма хоҳад шуд.

Ростӣ, ин кори Кумитаи забони Тоҷикистон ягон арзише надорад. Аз иваз кардани ин тарзи шеваи баён дар маънӣ ва баён чӣ тағир меёбад? Ва ин шеваи тоҷикӣ чӣ дигаргуние дар завбон ба миён меоварад? Тағири номи хе ба ха чӣ маънӣ дорад? Агар кумитаи забон дар ҳақиқат метавонистанд, ки барои забони тоҷикӣ ҷойи 36 ҳарфи қаблӣ 12 ё 14 ҳарф месохтанд, мегуфтем,ки ҳалолашон бод заҳмат кашидаанд!!! Аммо дар ин шакл забон чӣ бурд мекунад? Ё Кумитаи забон ба ин васила нишон додань мешавад, ки кор карда истодааст?

Замоне як омӯзгори мактаби миёна 30 сол қабл алифбое пешниҳод карда буд, ки дорои 18 ҳарф буд. Аммо ӯ ҳамон кори анҷом додаи худро натавонист дуруст ташвиқ кунад. Он замон ба ӯ бо чашми каҷ нигаристанд, ки худаш кист, ки боз алифбо пешниҳод мекунад?! Аммо бо гузашти замон ин мушкилот пешорӯ омад…Ва дигар на он омӯзгор мондаву на алифбояш!
Аммо як савол: ҳангоми хонанда пурсидан, ки кадом и-ро ё у-ро нависам, омӯзгор ба вай чигуна посух бидиҳад? и- дароз, хатчадор, болояш ишорадор ва хаткашида шуда? Кадомеро?!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *