Кашолкории  филиали раќами 6-и «Амонатбонк»

 

Камина чандин маротиб барои қарзгирӣ ба бонкњо мурољиат намуда, маблаѓи лозимаро дастрас ва сари ваќт пардохтани онро фаромўш накардаам. Ин дафъа ба филиали раќами 6-и «Амонатбонк» воќеъ дар ноњияи Фирдавсии пойтахт муроҷиат намудам.

Мувофиќи дархости кормандони шуъбаи ќарздиии филиал њуљљатњои лозимаро омода намудам. Мебоист гарави ман, тилловорињоро заргар санљида, арзишашонро муайян мекард. Аз чӣ бошад, ки дарёфти заргар душвор шуда монд. «Пагоњ биё, пас аз чанд рўз, биё…», гуфтанњои корманди љавони шуъба бо номи Акбар диламро аз чунин тарзи корбарї дар филиал сард намуд.

Вазъамро яке аз дўстон пай бурда, тавсия дод, ки ба ташкилоти хурди ќарздињии «Тезинфоз» мурољиат намоям. Дар рў ба рўи Вазорати наќлиёт ва роњњои кишвар, воќеъ дар хиёбони устод Айнї, ташкилоти мазкурро дарёфтам. Чун њамроњам будани шиносномаро фањмиданд, нафаре аз кормандон барои муайян намудани арзиши тилловорї маро ба бинои начандон дур аз ташкилот роњнамої кард. Пас аз санљидани тилловорї дубора ба ташкилот баргаштем. Якчанд њуљљатро тартиб дода, фармуданд тилловорињоро ба хазина супораму маблаѓи лозимаро гирам. Аз шунидани чунин суханњо њељ боварам намеомад.

Нобовариро дар чењраам пай бурда, нафаре, ки њамроњам барои санљиши тилловорї рафта буд, маро то назди хазина гирифта овард.  «Марњамат, гаравро супореду маблаѓро гиред», — гуфт вай табассумкунон. Аз омадан ба ташкилоти «Тезинфоз» њатто ним соат нагузашта, маблаѓи лозимаро дастрас намудам. Ба кормандони ташкилот изњори сипос намуда, аз дари он берун шудам.

Магар суханони некро дар њаќқи кормандони филиали раќами 6-и «Амонатбонк», воќеъ дар ноњияи Фирдавсии пойтахт  метавон гуфт?, «Амонатбонк» муассисаи давлатист ва он љо манфиатњои халќу давлат бояд њимоя шавад. На сарсону саргардон намудани корафтодагон. Афсўс, дар филиали раќами 6-и бонки мазкур ин њолат мушоњида гардид…

  Толибшоҳи ДАВЛАТ,

шаҳри Душанде.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *