Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳакимзода доруфурӯшонро ба инсоф даъват кард (телефони боварӣ)

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз сокинони вилоят дархост кард, ки аз паҳншавии коронавирус ба таҳлука наафтода, ором бошанд.

Инчунин, раис  аз тоҷирон ва доруфурӯшони вилоят даъват кард, ки аз вазъи баамаломада набояд суиистифода намуда, беасос нархи маҳсулотро баланд бардоранд.

Ӯ аз шаҳрвандон дархост кард, ки вобаста ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва беҳдоштӣ ба Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ, интиқол ва паҳншавии бемории сироятии нави коронавирус тариқи телефонҳои боварӣ (8 3222 2-44-78; 8 3222 2-22-73; 918-81-27-41) муроҷиат кунанд.

“Муваққатан худдорӣ аз иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои тиббӣ, риояи гигиенаи шахсӣ дар оила (мунтазам шустани дастон бо собун, коркарди ашёи истифодашаванда (телефони мобилӣ) ва истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ), поккории манзили зист ва гирду атрофи он, ҳангоми гаштугузор ва суҳбат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, риояи фосилаи на кам аз 1,5 метр, безарурат аз хона набаромадан, хусусан шахсони аз 60-сола боло, ба рӯю бинӣ, чашм ва даҳон даст нарасонидан, бештар ба варзиш ва ташаккули тарзи ҳаёти солим машғул шудан, бо даст салом накардан, ба кӯдакон дар давраи таътили муваққатӣ тавсияи хониши китобҳои бадеӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус мебошад”, — қайд шудааст дар муроҷиатномаи раиси вилоят.

Ҳакимзода аз кишоварзон даъват кард, ки ба корҳои парвариши сабзавоту мева ва пахта тақвият бахшанд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.