Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳодисае, ки бо шуниданаш гӯши кас қулф мезанад. Назокат 4 писарашро кушт (Видео)

Даҳшат! Модар 4 кӯдакашро бо дастони худ буғӣ карда куштааст. Ин зан кист? Чаро ба чунин амали нангин даст зад? Ӯ бемори рӯҳӣ буд ё қотили ғаддор?

Фарзандонамро буғӣ кардам

Рӯзи 9-уми сентябри соли равон, баъд аз нисфирӯзӣ, як зани 30-соларо дар ҷамоати Ориёни ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон бо гумони қатли чаҳор фарзандаш дастгир кардаанд. Зан Назокатхон Тоирова ном дошта, фарзанди 10, 8, 5 ва -1,5 солаи худро бо роҳи буғӣ кардан, ба ҳалокат расонидааст. Пас аз қатли фарзандон зан худ ба милитсия хабар додааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ карда, хабар доданд, ки феълан зан дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад.  

Ба иттилои манбаъ, Назокатхон Тоирова гуноҳи хешро ба гардан гирифта гуфтааст, ки “фарзандонамро буғӣ кардам”.

Сабаби даст ба ин кор задани модар то ба ҳол маълум нест. Зимни бозпурсии муфаттишон чӣ гуна амали худро шарҳ додани ӯро низ намедонем.  

Видеои пурраро ин ҷо бинед

Вале равоншиносон бар онанд, ки ин амал метавонад дар заминаи ошуфтагии сахт ва бемории рӯҳӣ рух дода бошад. Равоншинос Маҳмудшоҳ Кабиров мегӯяд, ки “ғаризаи модар бисёр ғаризаи сахт аст, яъне метавонад ҷон диҳад, то фарзандаш зинда монад. Вақте ин ғариза гум шуд, нишонаи бемории рӯҳӣ аст.”

Аммо аз суҳбат бо наздикону пайвандони ин оила маълум шуд, ки бемории рӯҳӣ ва хастагии равонии Назокатхонро касе эҳсос накардааст.

Нигаронии раиси деҳа

Барои фаҳмидани ҳақиқати ин воқеа мо роҳ пеш гирифтем ба сӯи деҳаи Охолтуни ноҳияи Кӯшониён ва нахуст бо раиси деҳа Исломуддин Абдуллоев ҳамсуҳбат шудем.

«Рӯзи ҳодиса Назокатро дар кӯча дидам. Аз роҳ мегузашт, маро дида салом дод. То ҷое медонем, дар оила ҷанҷол надоштанд. Дар назди хонаашон замини кишоварзӣ доранд. Шавҳараш усто аст. Бародари калонии шавҳараш онҳоро ба хабаргирӣ омада, аз ҳодиса огоҳ шудааст. Мо фаҳмидем, ки дар хонаи онҳо сӯхтор шудааст. Тахминан соатҳои панҷи бегоҳ буд. Ман рафтам, дидам, ки ҳамаи бачаҳо  дар замин хоб ва аз хона каме дуд мебаромад. Манаҳу ангуштони пойи кӯдакон баста буд», — нақл кард ӯ.

Аввалин шоҳид

Умедҷон Тоиров, амаки кӯдакони марҳум нахустин нафарест, ки аз ин қазия хабардор шудааст. Ӯ мегӯяд, соатҳои 3-4-и баъди нисфирӯзӣ ба хабаргирии ҷиянҳояш рафта, шоҳиди ин ҳодисаи гӯшношунид шудааст.

“Вақте ба ҳавлӣ даромадам бӯи сӯхтагӣ ба димоғам зад. Зуд ба хона даромадам, ҳамаҷо дудолуд. Кӯдакон дар рахти хоб хобидаанд. Лек манаҳу ангуштони пойи ҳамаашон баста буд. Фикр кардам, ки онҳо бо ман шӯхӣ доранд, Юсуфро такон додам, як — ду шаппотӣ задам, лек бедор нашуд. Чун ман фарзанд надоштам ва инҳоро ҳамчун фарзанди худ калон карда будам, ин хел шӯхиҳо мекарданд, вале… Ё аз дуд  дамгир шуда бошанд гуфта, об оварда, ба сару рӯяшон задам ва ба он кӯрпае, ки дуд мекард, об пошидам. Ду тоашро ба берун баровардам ва духтурро ҷеғ задам, аммо кор аз кор гузашта буд. Дигараш дар ёдам нест, ки чӣ гап шуд.”- мегӯяд, ӯ.

Вале Умедҷон Тоиров бовар намекунад, ки Назокатхон фарзандҳояшро кушта бошад:

“Назокат даҳ сол ҳамроҳамон зиндагӣ кард, ягон муносибати дағалонаашро надида будем. Барои ӯ ману ҳамсарам мисли хусуру хушдоман будем, дар ҳар кор аз мо маслиҳат мегирифт” – мегӯяд ӯ.

Шавҳар: Камбудӣ надоштем…

Шавҳари Назокат, Муҳаммадҷон Тоиров усто аст. Дар сохтмон кор мекунад. Зимни суҳбат бо мо қатрае ашк нарехт, ҳатто афсурдаву ошуфта набуд. Ин маро ҳайрон кард.

“Баъди моҳи шарифи Рамазон мо ба ин хона кӯчидем, аз ин пеш даҳ сол дар ҳавлии бародарам иқомат доштем. Бо ҳамсарам боре ҷанг накардаем, гапи сахт нагуфтаем. Писаронамро мисли гавҳараки чашм эҳтиёт мекард. Ягон камбудӣ надоштем. Намедонам чаро чунин шуд?” – мегӯяд, падаре, ки 4 фарзандашро аз даст додааст.

Модар: Ба духтарам ҷин ёр шуд

Холаи Мӯътабар, модари Назокатро мо гирёну нолон дарёфтем. Бечора, рӯю мӯй меканду мегирист. Ӯ бовар дорад, ки ба духтараш ҷин ёр шудаву ба ин амал даст задааст.

«Ба духтарам ҳамон рӯз кадом сиёҳие ва ё ҷине ҳамроҳ шудааст, чун вай ин корро карда наметавонад. Ӯ наметавонад, ки фарзандони худро ба қатл расонад. Меҳре, ки Назокат нисбати фарзандонаш дошт, касе надошт”.

Дар масъалаи бемории рӯҳӣ будан ё набудани Назокат модар гуфт, ки духтараш сиҳат буд, вале дар авлоди онҳо ин беморӣ будааст. Бародари Назокат, Акмалҷон, ки феълан дар Русия аст, бемори рӯҳӣ шуда, шифо ёфтааст.

Ҳар чӣ ҳаст нест, 4 кӯдаки маъсуму поку беолоиш зери хоканд. Айни замон нисбати Назокатхон Тоирова, ки дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешавад,  бо моддаи 104 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Бахтовар Сафаров,

Душанбе — Кӯшониён — Душанбе

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.