Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Кӯдакистони сӯхташуда то охири сол барқарор мешавад

Давоми соли ҷорӣ муассисаи томактабии №2 дар шаҳри Бохтар дубора барқарор мешавад. Ин кӯдакистон баъди сӯхтор пурра аз фаъолият боз монда буд. Шаҳрдорӣ барои таъмири бино соҳибкоронро ҷалб кардааст.  

Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар дар нишасти матбуотии хеш, ки 15-феврал соли равон, баргузор гардид гуфт, кӯдакистони сӯхташуда, аз буҷети шаҳр барқарор намешавад. Ин бино дар руйхати иншооти сохташаванда аз буҷети шаҳр ворид нашудааст,-афзуд ӯ ва илова кард, ки дар ин кор соҳибкорон ҷалб мешаванд.

—Аллакай қисме аз масолеҳи сохтмонӣ оварда шудааст. Барои дубора барқарор кардани ин кӯдакистон тамоми соҳибкорони шаҳри Бохтар ҷалб мешаванд. То охири соли 2021 биноро пурра сохта ба истифода медиҳем.

Сӯхтор дар муассисаи томактабии рақами ду ҳанӯз 25-ноябри соли 2020 сарзада буд. Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизаи шаҳри Бохтар зарари сӯхторро наздик ба нуҳ ҳазор сомонӣ муайян кардааст.   

Машраби Аловиддин

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.