Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Президенти кишвар ба Хатлон сафар кард

Имрӯз, 28 май Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон сафар каррд. Ҳадаф аз сафари Президент ба Ҷайҳун шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва боздид аз ҳолати истифодаи заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ арзёбӣ мешавад.

Тавре ки маркази матбуоти Президенти кишвар  иттилоъ медиҳад,  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун ва имкониятҳои ин муассисаи тиббӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ шинос шуда, бо табибону кормандони соҳа мулоқот намудааст.

Тибқи иттилои манбаъ,  дар ноҳия то имрӯз 1 беморхонаи марказӣ, 5 беморхонаи минтақавӣ, 10 маркази саломатӣ ва 38 бунгоҳи тиббӣ фаъолият менамоянд.

Баъди шиносоӣ бо шароити беморхонаи марказии ноҳия дар ҳамин вохӯрии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо табибони ноҳия сурат гирифт.

Таъкид карда шуд, ки бо эълони вазъияти пандемия дар ҷаҳон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал ба хотири пешгирӣ аз эпидемияи баамаломада корҳои зарурӣ ба сомон расонид.

Ташкили Ситоди махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бар зидди паҳншавии бемории сироятии нави COVID-19, муҷаҳҳаз гардонидани беморхонаву марказҳои саломатӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои махсуси муҳофизативу маводи зиддивирусӣ ва ташкили беморхонаҳои муваққатии сироятӣ аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки то ин давра давлату Ҳукумати мамлакат сомон доданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуд, ки табибон бояд ҷиҳати муолиҷаи саривақтии гирифторони бемориҳои сироятӣ ва роҳ надодан ба хуруҷи он тамоми чораҳоро амалӣ намоянд ва муолиҷаи онро бо назардошти талаботи бехатарӣ роҳандозӣ намоянд.

Барои заҳматҳои шабонарӯзӣ ва фаъолияти содиқона Сарвари давлат ба табибон изҳори миннатдорӣ намуд. 

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.