Киҳо дар мактаби байналмилалии президентӣ ҳаққи таҳсил доранд? (Видео)

Мактаб бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат бунёд гашт ва 1 –уми сентябри соли 2012 шахсан худашон онро ифтитоҳ намуданд.Ҳадаф аз таъсиси он таълими хонандагонест, ки тавонанд дар донишгоҳҳои пешоҳанги ҷаҳон таҳсили худро давом диҳанд ва баъдан ҳамчун кадрҳои баландихтисос ба ҷумҳурӣ баргарданду ва ба рушду нумӯи кишварамон нақши арзанда гузоранд.

Тӯб ба дасти духтарчаи маҳинандом меафтад.

— I caught!- овоз баланд мекунад ӯ.

Муаллима онро ба ҷониби писарбачае мепартояд.

— I host!- ба садо меояд ӯ. 

Дарс дар гурӯҳи омодасозӣ ба синфи якум ба тариқи бозӣ сипарӣ мешуд. Кӯдакон, ҳарчанд аз таълим дар ин гурӯҳ як моҳ сипарӣ шуда бошад ҳам, байни ҳамдигар ба забони англисӣ ҳарф мезаданд.

Муҳибулло Зувайдуллозода, директори Мактаби байналмилалии президентӣ, номзади илмҳои фалсафа бо мо, ки ин манзараро мушоҳида мекардем, рӯй оварда гуфт:

— Баъд аз ним сол ин хонандагон, ки то ба ин даргоҳ қадам гузоштан умуман англисиро намедонистанд, озодона ба ин забон суҳбат мекунанд. Ба онҳо аз рӯи барномаи махсусе, ки дар Донишгоҳи Кембриҷ тарҳрезӣ шудааст, таълим дода мешавад.

Директор моро ба поён, дафтари кориаш даъват намуд. Мо гумон кардем, ки он дар таҳхона қарор дорад ва бо ҳайрат ҷонибаш назар андохтем.

-Дар куҷо нишастани директор муҳим нест. Муҳим он аст, ки бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ин мактаб ҳама шароит барои хонандагон муҳайё сохта шудааст.

-Ҳафт сол аст, ки Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият дорад. Ҳадаф аз таъсиси он дар чӣ буд?

-Мактаб бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат бунёд гашт ва 1 –уми сентябри соли 2012 шахсан худашон онро ифтитоҳ намуданд. Ҳадаф аз таъсиси он таълими хонандагонест, ки тавонанд дар донишгоҳҳои пешоҳанги ҷаҳон таҳсили худро давом диҳанд ва баъдан ҳамчун кадрҳои баландихтисос ба ҷумҳурӣ баргарданду ва ба рушду нумӯи кишварамон нақши арзанда гузоранд.

Дар муассиса барои таълиму тадрис тамоми шароит муҳайёст.  Мақсад  аз таъсиси ин таълимгоҳ, пеш аз ҳама, идомаи таҳсили хатмкунандагон дар муассисаҳои олии бонуфузи хориҷӣ мебошад.  Зеро  барномаи таълимие, ки дар ин ҷо амал мекунад, дар заминаи барномаҳои Донишгоҳи Кембриҷи Оксфорд, баъзе фанҳо мувофиқи стандарти пешбининамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва роҳандозӣ шудаанд. Дар тӯли 6 соли фаъолият  мо тавонистем, ки ба мақсадҳое, ки дар назди муассиса гузошта шуда буданд, амалӣ созем. Барои  муассисае, ки  низоми таҳсилоти дохилӣ ва байналмилалиро муаррифӣ кардан хоҳад, албатта, 6 сол кифоя нест. Аммо дар ин муддат ба як қатор муваффақиятҳои назаррас  ноил гаштем. Танҳо дар се соли охир аз 32 то 47 фоиз хатмкунандагони мактаб ба донишгоҳҳои олии бонуфузи хориҷи кишвар дохил шуданд.  Умуман, 100 фоизи хатмкунандагони таълимгоҳ шомил ба макотиби олии дохил ва хориҷ мешаванд.

-Метавонед донишкадаҳои олиеро, ки фориғтаҳсилони шумо дар он ҷо таҳсили худро идома медиҳанд, номбар кунед?

— Швейтсария, Канада, Амрико, Олмон, Русия, Чин, Қазоқистон, Туркия, Кипр… Хатмкунандагони мо ҳатто дар Донишгоҳи Кембриҷ таҳсил доранд. Айни замон 74 нафар хонандагони мо дар давлатҳои номбурда таҳсилро идома медиҳанд.

— Дар мактаб танҳо забони англисӣ меомӯзанд?

— Дар мактаб таълим ба забони англисӣ ба роҳ монда шудааст. Дар баробари ин бо хоҳиши волидон хонандагон метавонанд забони чиноӣ, фаронсавиро омӯзанд (баъд аз синфи 7). Бо хоҳиши волидон эҳтимол таълими забони олмонӣ низ роҳандозӣ шавад.

Албатта, забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ таълим дода мешавад.Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҷиҳати такмили забондонӣ омӯзиши забони  русиро низ ба роҳ мондем. Барои амалӣ сохтани ин ҳадаф мо заминаи хуби таълимӣ ва омӯзгорони варзида дорем.

-Президенти кишвар ҳангоми ифтитоҳи муассиса дастур дода буданд, ки чун дигар сокинони пойтахт аз манотиқи ҷумҳурӣ низ хонандагони соҳибистеъдод ҷалб карда шаванд. Оё ин дастур амалӣ мешавад?

-Бале, муассисаи таълимии мо ҷумҳуриявӣ аст. Ин маънои онро дорад, ки аз тамоми қаламрави кишвар хонандагон имкони дар ин ҷо таълим гирифтан доранд. Айни замон  8 нафар хонанда бо тавсияи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Мактаби байналмилалалии президентӣ таҳсил мекунанд.  Онҳо  ҳангоми сафари Пешвои миллат  ба манотиқи гуногуни кишвар дар назди мардум баромад намуда, аз худ донишу маҳорати баланди забондонӣ ва суханварӣ нишон додаанд.  Инчунин, фарзандони падару модароне, ки дар созмонҳои байналмилалӣ фаъолият мекунанд ё берун аз кишваранд, дар ин мактаб таҳсил мекунанд. Зеро мактаб дорои тамоми шароит, аз ҷумла хобгоҳи замонавӣ  мебошад. Ҳоло аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ хонандагон ба таълим фаро гирифта шуда, бо хобгоҳ таъминанд. Дар хобгоҳи мактаб имкони дар як вақт то 640 нафар хонандаро ҷой кардан ҳаст. Хобгоҳ шароити хуб барои зиндагӣ дорад.

— Таҳсил ройгон аст?

-Бале, барои онҳое, ки дониш ва маҳорати баланд доранду барои таҳсил тавсия шудаанд, ройгон мебошад. Як қатор имтиёзҳо ҳам пешбинӣ шудаанд. Масалан, барои иштирок дар ҳар як озмун, ҳатто дар олимпиадаи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва  ҷумҳуриявӣ тахфиф ҷорӣ намудем. Яъне, хонандае, ки дар як сол, агар дар ду –се олимпиада иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён гардад,  маблағи таҳсили вай ба андозаи аз 30 то 70 фоиз кам мешавад. Ба хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои умумиҷаҳонӣ сазовори медали тилло, нуқра ва биринҷӣ мегарданд, барои ҷойҳои 3-юм — 40 фоиз, 2-юм — 50 фоиз,  1-ум — 60 фоиз тахфиф ҷорӣ намудем. Хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои минтақавӣ сазовори медалҳои нуқра, тилло ва биринҷӣ мегарданд, мутаносибан аз 30 то 50 фоиз аз ҳаққи пардохти маблағи таҳсил озоданд. Инчунин, хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён мешаванд, аз 10 то 30 фоиз аз пардохти маблағи таҳсил озод карда мешаванд. Ҳадаф аз ин иқдом, ки дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, ҷалби бештари хонандагони лаёқатманд ба муассиса мебошад. Умуман, маблағи солонаи таҳсил, ки аз соли 2015 инҷониб бетағйир мондааст, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 3500 доллар мебошад. Сол ба сол қурби асъори хориҷӣ боло меравад. Аммо маблағи таҳсил дар шакли пештара, муодили пули миллӣ, яъне  28500 сомонӣ нигоҳ дошта мешавад.

-Имсол чанд нафар хонандагон  дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок доштанд ва онҳо бо чӣ дастовард баргаштанд?

-Соли ҷорӣ дар арсаи байналмилалӣ хонандагони мо сазовори 47 ҷой гардиданд. Аз ҷумла IMSO – олимпиадаи фанни биология ва математика – 2 биринҷӣ, Руминия, Бухарест Информатикс- Финал, олимпиадаи лоиҳавӣ аз фанни информатика – 6 нуқра, MIYIO (Майлайзия. Кедаҳ)-олимпиадаи лоиҳавӣ аз фанни химия, биология-14 ҷой: 8 тилло; 4 нуқра: 2 биринҷӣ, GENIUS  OLYMPIAD Освего, Ню — Йорк, олимпиадаи лоиҳавӣ аз фанни информатика ва биология -5 нуқра, UNIPO олимпиадаи аз фанни информатика  — 7 ҷой: 5 нуқра, 2 биринҷӣ, IMAS (Math) – 2 биринҷӣ, Kangaroo (Math) – 11 ҷой: 3 тилло; 4 нуқра; 4 биринҷӣ.

-Дар сатҳи ҷумҳурӣ чӣ?

— Дар арсаи ҷумҳурӣ  хонандагони мактаб сазовори 17 ҷой гардиданд. Анъанавӣ – 6 тилло (химия, англисӣ), 4 нуқра (англисӣ), даставӣ – 7 биринҷӣ  (англисӣ), байни мактабҳои президентӣ – 1 тилло (ҳуқуқ),                                                                  биринҷӣ (англисӣ, таърих), ҷумҳуриявии наврасон – 2 тилло (русӣ, англисӣ), 1 нуқра (англисӣ), 3 биринҷӣ (русӣ, англисӣ).

-Ҳоло сатҳи таълимнокӣ дар муассиса чанд фоиз аст?

-67 фоиз. Ин рақам нисбат ба соли гузашта 4 фоиз зиёд мебошад.

-Тавре мушоҳида мешавад, бештари олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ дар мактаби шумо баргузор мегардад. Сабаб чист?

-Барои гузаронидани олимпиада имконият ва шароит лозим аст. Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе дорои синфхонаҳои барҳаво ва  муҷаҳҳаз бо компютер мебошад. Хати интернет ва камераҳои назоратӣ ҳамеша фаъоланд. Инро ба назар гирифта, масъулини Маркази дарёфт ва рушди истеъодҳои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ки баргузоркунандаи асосии олимпиадаҳо ба ҳисоб меравад, маҳз мактаби моро интихоб мекунанд.

-Қабули хонандагон дар мактаб аз рӯи кадом критерияҳо сурат мегирад?

-Қабул дар муассиса тариқи озмун сурат мегирад. Ҳар сол шурӯъ аз моҳи апрел барои қабули хонандагон  эълон мебарояд. Айни замон 184 хонанда барои қабул ба муассиса номнавис шудааст. 10 август озмуни интихоби хонандагон сурат мегирад. Аз 4 фан: забонҳои англисӣ, русӣ, тоҷикӣ ва математика хонандагон имтиҳон месупоранд. Муҳассилине, ки аз дигар муассисаҳои кишвар меоянд ва сатҳи баланди донишу забондонӣ доранд, тариқи суҳбат қабул мешаванд.

Мусоҳиб:

У.РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *