Кинофестивали «Душанбе» ба таъхир афтод
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бинобар хуруҷи бемории коронавирус баргузории Кинофестивали байналмиллалии «Душанбе»-ро ба мавқуф гузошт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ин тасмим дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, мақсад пешгирӣ аз сироятёбӣ ба вируси навъи Covid-19 аст.
Кинофестивал байналмиллалии «Душанбе» 18-уми апрели соли ҷорӣ дар пойтахти кишвар бояд баргузор мегашт. То ин дам аз 30 давлати ҷаҳон 85 дархост барои иштирок дар ин фестивал ворид гардида аст.
Амони Муҳаммад
Шарҳ