Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Кишвари талбандаҳо

Мутаассифона, агар ҳоло касе аз берун ба кишвари мо ояду ба кӯчаҳо  назар кунад, яқин “кишвари талбандаҳо” гуфта, хулоса мебарорад.

То чанд рӯз пеш мо чор гурӯҳи талбандаҳоро мешинохтем:

1) Талбандаҳое, ки “офис”-ашон дар назди чароғакҳо аст ва бо баробари сурх шудани сечароғ барои автомобилҳо назди ронанда омода тирезаи мошинро мекӯбанд ва пул талаб мекунанд. 

2) Нафароне, ки дар беморхонаҳо “сайд” мекобанд. Назди ҳар нафари ғамдор, бемордор, пурташвиш ва оби чашмдор рафта нақши падареро мебозанд, ки духтараш дар таги теғи ҷарроҳист; дар чашм худашонро писаре вонамуд мекунанд, ки модар ё падарашон дар дами марг аст; гӯё занест, ки шавҳараш ӯро бо кӯдаконаш партофта, дар Русия Маша ё Наташаеро гирифтааст ва инҳо нони хӯрданӣ надоранд.

3) “Бечораҳое” ҳастанд, ки ҳамагӣ як баҳона доранд: “пулҳоямро дуздиданд, роҳкоро надорам, агар дошта бошед 3 сомонӣ диҳед.

4) Талбандаҳое, ки дар назди масоҷид ва макотиби олӣ бо фарзандонашон “рейд” мегузаронанд.

Ва инак, рӯзи гузашта мо гурӯҳи панҷуми талбандаҳоро “кашф” кардем. Пирамарде бо ришу ҷелаку тоқӣ ба Спринтер даромад. Ҷавоне ҷояшро ба ӯ дод. Вай нишастан  замон ба ҷойи он ки роҳкиро диҳад, ду дасташро боло бардошта, дар ҳаққи ронанада, кондуктор ва пасон ҳама мусофирон дуои хайр кард. Баробари дастонашро ба рӯяш кашидан, ба чор тарафаш нигоҳ карда, талаби кӯмак кард. Ҳар нафар ба миқдоре ба ӯ танга дароз  кард. Пирамард дид, ки дигар касе пул доданӣ нест, дар истгоҳи пешомада фаромад. Ман ҳам аз пасаш фаромадам. Мо ҳарду дар Спринтери дигар нишастем ва саҳнаи мошини қаблӣ дар нақлиёти нав ҳам такрор шуд.

Як савол: агар вазъ ҳамин тавр рафтан гирад, ҳоламон чӣ мешавад?

Шояд, ягона роҳи ҳали ин масъала он бошад, ки садақаву хайру сахоямонро ба нафароне кунем, ки ҳақиқатан ҳам муҳтоҷанд ва аз ҷумлаи ин гурӯҳҳо нестанд.

Ҳ.ТОҲИРӢ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.