Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Китобхон зиёд аст, китоби нағз кам!

Ҳафтаи равон дар шаҳри Душанбе Фестивали китоби кӯдакон баргузор шуд, ки дар он дастовардҳои адабиёти бачагонаи тоҷик муаррифӣ гардид. Дар мавриди дастовардҳо ва бурдубохти адабиёти бачагона дар Тоҷикистон хабарнигори мо бо нависанда Азизи Азиз, ки мудири шуъбаи адабиёти кӯдаконаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст, ҳамсуҳбат шуд.

-Чанд рӯз қабл шумо 60-солагии мавлудатонро таҷлил кардед. Ба ин муносибат шуморо табрик мегӯям ва мехоҳам суҳбатамонро аз фаъолияти кунуниатон оғоз кунем.

-Ташаккур барои муборакбодӣ, воқеан,  синни  60 як даврае ҳаст, ки инсон  андак эҳтиёт мешавад, ҳам дар эҷод, ҳам дар зиндагӣ. Саҳву хатояшро мефаҳмад, назараш ба эҷод, зиндагӣ ва адабиёт тағйир меёбад.  Ман гумон мекунам дар ин синну сол як дараҷа  шахс  ба худаш махфӣ ва самимона баҳо дода метавонад.  Албатта, ба худ баҳо додан бисёр кори душвор аст. Вақте каме ғайрат кунӣ, дар худ баъзе чизҳои хубро мебинӣ.

Соли чорум аст, ки мудири бахши адабиёти кӯдаконаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳастам. Навқаламону адибонро қабул мекунем. Суҳбатҳо мегузаронем, мехонем, муҳокима мекунем, маҳфилҳо доир карда, ба сафарҳо мебароем…

Вақтҳои охир бештар ба кори эҷодӣ  машғул ҳастам. Мехоҳам бисёртар барои кӯдакон, бахусус барои кӯдакони синни томактабӣ, асар нависам. Адабиёти мо барои тифлони хурд, яъне синну соли 3-4 –сола чизи кам дорад. Адибонамон низ барои кӯдакони ин син чизе наменависанд. Бисёр душвор аст.

Дигар ин ки назми бачагонаи мо оламгир аст.  Мо беҳтарин шеърҳои кӯдакона дорем. Барои мисол “Бибиҷонам меояд”, “ Ман калон мешавам”, “О барачеки масти ман” беҳтарин намунаи шеърҳои бачагонаи тоҷик мебошанд. Дар адабиёти навин низ ашъори Убайд Раҷаб, Ҷӯра Ҳошимӣ, Латофат Кенҷаева, Юсуфҷон Аҳмадзода,  Абдусаттори Раҳмон  беҳтарин шеърҳои бачагона ҳастанд. Вале мутаассифона, мо асарҳои насрие надорем, ки ҳамқадами замон бошанд.  Дар он қаҳрамони қиссаҳо бо технологияи муосир сарукор гиранд. Мо асарҳои фантастикӣ надорем, ки  дар асри ХХI ягон  кӯдак ҳамроҳи кайҳоннавардон  ба фалак парвоз кунад.  Солҳои 70 –ум Абдумалик Баҳорӣ фантастикаро оғоз карданд, ки бо ҳамин ҷамъбаст шуд. Албатта, мо насри хуб дорем,  вале хеле кам аст.

-Шумо фаъолияти худро ҳамчун журналист оғоз карда, аз ҷавонӣ роҳи адабиёти кӯдакро интихоб кардед. Сабаби чунин интихоб дар чист?

-Аслан  ман аз аввал роҳи нависандагиро интихоб карда будам. Соли 1973 бори аввал ҳангоми дар синфи 5 хонданам ҳикояи хурде навиштам, ки тақрибан аз 15 – 20 калима иборат буд. Баъд аз ин ба навиштани ҳикояву афсона оғоз кардам.  Баъди хатми Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Хуҷанд фаъолияти кориамро аз рӯзноманигорӣ оғоз  карда, дар маҷаллаи “Чашма” кор кардам.

Баъзан барои калонсолон ҳам навиштаам, лекин иҷборӣ. Барои калонсолон навиштан барои ман аҷиб нест, ман ҳатто намехоҳам, барои онҳо нависам. Ҳатто маҳфиле, ки дар он калонсолон иштирок мекунанд, маро дилгир мекунад. Вақте дар як маҳфил бо 10 нафар кӯдак бошам, худамро дар гӯшаи боғи Ирам эҳсос менамоям.

-Бисёреҳо аз хурдӣ қалам ба даст гирифта, орзуи адиб шуданро дар дил мепарваранд, вале на ҳамаи онҳо дар ин ҷода муваффақ мешаванд. Барои комёб шудан дар ҷодаи адабиёт чӣ тавсияҳо медиҳед?

-Дуруст аст. Ҳозир ман метавонам тақрибан 20 нафарро аз худи пойтахт ном гирам, ки эҳтимол дар оянда адиби машҳури кӯдакон шаванд. Зеро онҳо дониш ва шавқу завқи беандоза доранд. Барои адиби хуб шудан  тақрибан 15 – 20 сол дар зери назари ягон устод эҷод кардан лозим аст. Кам будани  ҳаққи қалам низ онҳоро рӯҳафтода мекунад. Ин чизҳо бояд ба нависанда аҳамият надошта бошад. Одам метавонад дар як вақт ҳам табиб ва ҳам нависанда бошад. Гумон мекунам, ки нависандагӣ касб нест, мисли шуғли дӯстдошта аст. Як нафар метавонад омӯзгорӣ кунад, вале навиштанро идома диҳад.

-Шумо феълан мудири шуъбаи адабиёти кӯдаконаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳастед.  Ба вазъи адабиёти кӯдакони кишварамон чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

-Адабиёти бачагонаи мо баъди соли 2010 рӯ ба рушд овардааст. Бахусус дар ду-се соли охир. Қаблан ман ҳамчун нависанда аз ояндаи адабиёти кӯдакон хеле нигарон будем. Вале озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” ҳам адибон ва ҳам хонандагонро такон дод. Ин моро вазифадор мекунад, ки боз китобҳои хуб нависем.

-Феълан ба ном адибоне пайдо шудаанд, ки асарҳои хому хаталаи худро маҷбуран бурда, дар мактабҳо мефурӯшанд. Барои пешгирии чунин ҳатулкорон чӣ пешниҳод мекунед?

-Оббо…, шумо ҷони гапро гуфтед. Мутаассифона, адибони дурӯғини бачагон хеле зиёданд. Аксари  онҳо   узви  Иттифоқи нависандагон нестанд. Вақте китобҳои онҳоро мехонӣ, ҳуш аз сарат меравад. Бояд бача ин асарро нахонад. Баъзеашон ҳатто ҷумлаи дуруст надоранд. Аксарияти ин китобфурӯшон аз адабиёти бачагона хабар надоранд.  Яке аз онҳо аз ман мепурсад, ки Пӯлод Толис нависандаи рус аст? Ба Иттифоқи нависандагон ҳар моҳ се -чор нафар барои чопи китоб меоянд. Пеши ин роҳро танҳо Вазорати маориф ва илм гирифта метавонад. Бояд як сохторе таъсис ёбад, ки чоп ва паҳни китобҳои бачагонаро зери назорат гирад. То ин сохтор иҷозат надиҳад, китоб набояд ба мактаб роҳ ёбад.

-Феълан теъдоди нашри асарҳо хеле кам аст. Чӣ бояд кард, ки китоб ба дасти хонанда расад?

-Ман дар ин масъала бо яке аз кормандони Вазорати фарҳанг ҳамсуҳбат шудам.  Мо чӣ кор кунем, ки китоб ба дасти хонанда расад?  30 ё 40 нусха  китобро мо метавонем ба фурӯш гузорем? Ба фикри ман  агар дар тамоми ноҳияҳову ҷамоатҳои ҷумҳурӣ мағозаи китоб бошанд, дастрас кардани хонанда хеле осон мегардад. Китобҳо чоп мешаванд,  вале ба фурӯш намераванд. Имрӯз ҳама имконияти харидани китобро доранд. Дар як кӯчаи Неъмат Қарабоев 34 дорухона ҳаст, вале 2 мағозаи китоб. Бояд, ки мағозаҳои китоб зиёд бошанд. Шояд дар Тоҷикистон 1 миллион дорухона бошад, ин бисёр хуб аст, вале ҳатман бояд, ки мағозаҳои китоб низ зиёд бошад. Барои мисол, то ҳол дар ноҳияи Ғончӣ мағозаи китоб нест. Раиси нави ноҳия бисёр марди хуб аст. Ҳангоми сафар дар вилояти Суғд ҳатман ин масъаларо гап мезанам. Ин мушкил дар саросари ҷумҳурӣ мавҷуд аст.

-Китобҳои худи шуморо кӣ нашр мекунад?

-Китобҳои маро матбааҳои  гуногун чоп мекунанд. Соли гузашта 15 китобам аз чоп баромад. Китобҳои маро бисёртар Вазорати маориф ва илми нашр мекунад. Он ҷо баъди муҳокима ва тавсияҳои  мутахассисон баъд китобро ба нашр мерасонанд. Ман боре ҳам барои чопи китобҳоям дари ягон идора нарафтаам. Вазифаамро иҷро мекунам, эҷод мекунам. Бароям фарқе надорад, ки китобамро кадом ниҳод ё нашриёт чоп мекунад. То ҳозир 18 повест навиштаам, ки ҳамагӣ 5 – тояш  чоп шудааст. Ҳамчунин, ҳеҷ гоҳ асари худамро барои ҷоиза пешниҳод намекунам. Дар ҷавонӣ мехостам, машҳур бошам, вале тадриҷан ин чизҳо аз байн рафтанд.  Лекин вақте ягон китобамро чоп кардан мехоҳанд, ягона чизе, ки мепурсам “чӣ қадар ҳаққи қалам медиҳед”, агар ҳаққи қалам надиҳанд, мегӯям  беҳтараш чоп накунед.

-Шумо узви ҳакамони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” будед. Бардоштатон аз ин озмун чӣ гуна аст?

-Ин озмун не, иди умумиҷумҳуриявӣ буд. Китобхонаи миллии Тоҷикистон ягон вақт чунин серхонанда нашуда буд… Азбаски мо китоб барои бачаҳо кам эҷод кардаем, тайёрии онҳо дар ин самт дар сатҳи баланд набуд. Умед дорам, ки дар солҳои оянда иштирокчиён дар самти адабиёти кӯдак низ фаъол хоҳанд шуд.

-Мақоли машҳуре аст, ки “Барои кӯдакон чӣ гуна бояд асар навишт? Мисли калонсолон,  вале хеле беҳтар”. Шумо чӣ назар доред. Асари кӯдакона чӣ гуна бояд бошад?

-Китобе ҳаст, ки танҳо барои кӯдаки 3 ё 4 – сола мебошад, ки онҳоро набояд ба кӯдакони калонтар диҳем. Дар  Шветсия ҳар сол аз 1500 то 1700 номгӯи  китоб барои бачаҳо чоп мешавад. Дар Тоҷикистон бошад  35- 40 номгӯй, ки аз онҳо 3 – 4 асари зарурӣ аст, дигараш  ба талабот чавобгӯй нест.  Мо бояд асарҳои иттилоотӣ нависем, тарҷумаи асарҳои кӯдаконӣ ҷаҳонро ба роҳ монем. Барои бачаҳо дар ҳама жанрҳои машҳури адабиёти бачагона асар эҷод кунем. Мо ба нақша гирифтем, ки  аввал  30 баъд 40  ва то соли 2025 ҳар сол 100 китоби хуби  кӯдакона чоп кунем.  Китобхон зиёд аст, китоби хуб кам. Ягон кас нагӯяд, ки кӯдакони тоҷик китоб намехонанд. Аввал китоби дуруст, аҷиб ва ба талабот ҷавобгӯро навиштанамон лозим. Чунин асар ба вуҷуд ояд, ҳама онро хоҳанд хонд. 

Мусоҳиб

Уғулой Қутбиддинзода

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.