Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Коҳишёбии Вабои аср

Дар Тоҷикистон тибқи омори расмӣ давоми 24 соати гузашта ягон ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро, ки дар 24 соати гузашта сабт шуд, нашр кард.
Бино бар иттилои манбаъ, тайи шабонарӯзи охир, 46 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст.

“Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 46 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 58 нафар шифо ёфтанд”, – омадааст дар иттилоия.
Ҳамзамон вазорат таъкид доштааст, ки дар давоми шабонарӯзи ахир, касе аз ин беморӣ ҷон набохтааст. Ҳамин тавр теъдоди умумии фавтидагон124 нафар боқӣ монд.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 16514 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16297 (98,6%) нафар шифо ёфтаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.