Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Коҳиши бемории сил миёни муҳоҷирони меҳнатӣ

Силшиносони тоҷик мегӯянд давоми 10 соли охир бемории сил миёни аҳолӣ, хусусан, миёни муҳоҷирони меҳнатӣ коҳиш ёфтааст.

Ба гуфтаи Аслиддин Раҷабов, директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил  дар муддати 10 сол бемории мазкур 25 фисад кам шуда, фавт бошад аз 7,3 ба 3,5, яъне 50 фисад коҳиш ёфтааст.

Раҷабов иброз медорад, ки соли 2009 беморшавӣ аз сил дар кишвар фоизи баланд дошта, муҳоҷирон низ ба ин намуди беморӣ зиёд гирифтор мешуданд: “Массъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ яке аз камбудиҳои соҳаи силшиносӣ мебошад. Миёни гурӯҳҳои хавф муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамсуҳбатҳои онҳо, беморони гирифтори қанд ва меъда дохил мешаванд. Вале миёни ин афрод аз ҳама фисади баланди беморшавии сил миёни муҳоҷирони меҳантӣ ба чашм мерасад”.

Сабаби зиёд будани шумораи муҳоҷирони меҳнатиро дар миёни гирифторони умумии беморони сил директори Марказ дар шароити номусоид арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ ҳар фард метавонад ба бемории сил гирифтор шавад, танҳо дар ҳолате, ки вазифаи муҳофизатии организмаш паст шавад: “Масъунияти организм вақте паст шуд, бемории сил авҷ мегирад. Муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия ба бемории сил гирифтор намешаванд, балки онҳо дар Ватан сироят меёбанд. Дар Русия барои муҳоҷирон шароит барои хуруҷ кардани беморӣ муҳайё мегардад. Яъне гурӯсна мемонанд, ҷои кори вазнин доранд, зиқ мешаванд, ҷои хобашон таҳхона, вагонҳо ва ё хунук аст, ки организми онҳо суст мешавад. Ин аст сабаби зиёд шудани фоизи беморӣ миёни муҳоҷирон”.

Масъулони Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил мегӯянд агар дар соли 2013 гирифторони бемории сил миёни муҳоҷирони меҳнатӣ 19,1 фисад буд, соли 2014 18,5%, соли 2016 17,6  % ва соли 2017 ба 16, 7 фисад коҳиш ёфтааст.

Аслиддин Раҷабов иброз дошт, ки иҷозаи гуфтани шумораи умумии гирифторони беморони силро надорад, вале дар маҷмуъ 60 фисади беморонро мардон ва 40 фисади оноҳоро занон ташкил медиҳанд: “Барои табобат гирифтани муҳоҷирон дастгирии хонаводаҳои онҳо низ зарур аст. Яъне худро аз бемор дур нагиранд. Мо махсус буклетҳо барои муҳоҷирон чоп карда, тақсим кардаем ва он ҷо гуфта шудааст, ки дар ҳолати нишонаҳои мазкур ба марказҳои махсус муроҷиат кунанд”.

Ба гуфтаи Аслиддин Раҷабов табобати гирифторони бемории сил ройгон буда, барои доруи зиддисилии қатори якуми беморони ҳассос, ки муддати 6 моҳ табобат мегиранд 50 доллари амрикоӣ сарф мешавад.

Барои доруи зиддисилии беморони мутобиқгашта, ки давоми 2 сол табобат мегиранд аз 3 то 5 ҳазор доллар ва барои беморони шакли васеи мутобиқгашта давоми 24-30 моҳ аз 5 то 8 ҳазор доллари амрикоӣ масраф мешавад: “Ҳар фарде, ки табобатро пурра мегирад ӯ шахси солим дар ҷомеа ҳисоб карда мешавад”.

Масъулони соҳа бар ин назаранд, ки яке аз сабабҳои зиёдшавии бемории сил миёни муҳоҷирон ин дар Русия дар як хона чанд нафар зиндагӣ кардан аст.

Нуруллохон Ҳидоятов, имомхатиби масҷиди шаҳри Конибодом мегӯяд, дар шаҳр 9 масҷиди ҷомеъ буда, рӯзҳои Ҷумъа ва рӯзҳои дафн оиди бемории сил ба мардум фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад: “ Қариб рӯзе нест, ки мо бо мардум суҳбат накунем, яъне баҳодиҳӣ аз нигоҳи Ислом гуфта суҳбатҳо мекунем. Инсон бемор шуд бояд табобат гирад”.

Ойнисо Сарбозова, сарвари Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Спитамен мегӯяд, дар ноҳия наздики 9 ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ буда, дар вохӯриву мулоқот онҳо ба иштироки муҳоҷирон эътибор медиҳанд: “Дар ноҳия 27 нафар муҳоҷирон ба бемории сил гирифтор шуда, солҳои қаблӣ онҳо барои аз ташхис гузаштан дурӣ меҷӯстанд, ҳоло бошад баръакс. Ва сабаби кам шудани беморӣ миёни муҳоҷирон боло рафтани донишу фаҳмиши муҳоҷирон дар бораи бемории сил мебошад. Муҳоҷирон вақте аз Русия баргаштан омада, аз ташхис мегузаранд. Мо ҳамкорӣ бо Маркази мубориза бо бемории сил дошта, мебинем, ки ин бемории сил дар кадом деҳа шумораашон зиёд аст, кормандони худро равона карда, аксия мегузаронем. Ба онҳо мефаҳмонем, ки беморӣ дар ҳоли табобат гирифтан хатар надорад”.

Ба гуфтаи Охун Мақсудиев, диретори Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар ноҳияи Мастчоҳ  бемории сил бемории сироятӣ буда, ба воситаи ҳаво паҳн гашта, аз одами бемор ба шахси солим сироят мекунад: “Вале на ҳама сироятшудагон ба бемории сил гирифтор мешаванд, танҳо 5-10 фисади олудашудагон ба бемории сил дар давоми ҳаёт ба ин намуди беморӣ гирифтор мешаванд. Аз сабаби он ки қувваҳои муҳофизатии организми сироятёфтагон бо ҳаргуна сабаб суст мешавад, ин метавонад бо бемориҳои ҳамроҳ ҷоришаванда: майл ба машрубот, маводи мухаддир, меҳанти тоқатфарсо ва корҳои вазнини аз меъёр зиёд ба бемории сил оварда мерасонад. Ва микробе, ки дар организми сироятёфтагон сокин буд, қобилияти инкишоф меёбад”.

Мақсудиев мегӯяд, аломатҳои асосии сил ин сулфаи аз ду ҳафта зиёд, гум шудани иштиҳо, камшавии вазн, беҳолатӣ, табъи наонқадар баланд ва то хунтуфкунӣ буда метавонад. Дар ин ҳолат бемор бояд ба аввалин муассисаи тиббии назди манзили худ муроҷиат кунад.

Аслиддин Раҷабов мегӯяд, тайи чанд  соли охир соҳаи силшиносӣ ба дастовардҳои зиёд ноил гаштааст, яке аз он дастгоҳи Gene  Expert мебошад, ки  балғамро давоми 2 соат ташхис ва муайян мекунад.

Мижгона Ҳалимова

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.