Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Командир ҳам пора гирифту ҳам хоҳари сарбозро таҷовуз кард

Муродов Шарифхон Командири взводи Мактаби таълимии “Пойтахт” бо иттиҳоми порагирӣ ва амалҳои шаҳвонӣ боздошт карда шуд. Дар ин бора Оҷонсии мубориза бо фасод дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Оҷонсӣ Муродов Шарифхон дар вазифаи Командири взводи Мактаби таълимии “Пойтахт”-и қисми ҳарбии №0123 кор карда истода, ба чунин аъмол даст задааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда моҳи феврали соли 2020 аз шаҳрванд “А”  барои пеш аз муҳлат аз хизмати минбаъдаи ҳарбӣ озод намудани бародараш-шаҳрванд “Б” маблағи 30000 сомонӣ талаб карда гирифта, онро тасарруф намуд.

“Дар баробари ин, Муродов Ш.Т. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро давом дода, санаи 19 феврали соли 2020 шаҳрванд “А”-ро ба меҳмонхонаи ҶДММ “Сино-555”, воқеъ дар шаҳри Душанбе, даъват намуда, аз ҳадди ваколатҳои мансабии худ баръало баромада, бо истифода аз ҳолати оҷизии охирин талаботҳои шаҳвонии худро бо ӯ қонеъ кард”,-афзудааст манбаъ.

Оҷонсӣ мегӯяд, оид ба ин ҳолат нисбати Муродов Шарафхон бо моддаҳои 391 қисми 1 ва 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

-->

Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Иззатулло 18.06.2020 13:15

    Дари якаса зади хатман дири туям мезананд лекин барои чи хамон духтар ба мехмонхона рафт дар инчо чи гапи дигар аст

  2. Абдурахмон 18.06.2020 13:16

    Зино гунех,ес бузург назди Худованд. Зинокори кардаву боз расонаи намудаанд. Шарму х,аеро фаромуш кардаанд боз худро мусалмон мех,исобанд. Ин вабову балох,ое, ки имруз сари мардуми сайера омадааст аз зулму ситам дуруг ва зинокориву нашьаманди бандагони fофилу гумрохи аз ХУДО бехабар мебошад. Онх,о решах,ои короновирус дар руи заминанд. Бадбахтх,ои фох,ишаи беимон зиноро атнашени меноманду шарм аз Худованд надоранд.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.