«Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» дар Душанбе тасдиқ гардид

Ҳайати Комиссияи шаҳрӣ барои муайян намудани ғолибони озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» дар шаҳри Душанбе  тасдиқ гардид.  Дар ин бора хабар медиҳад АМИТ “Ховар” 

Тавре манбаъ хабар медиҳад, озмуни мазкур  бо мақсади иҷрои банди 19-и «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018  тасдиқ гардидааст,  роҳандозӣ мегардад.

Тибқи ин қарор масъулин  вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» тибқи низомномаи он, ки аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2019 тасдиқ шудааст, тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *