Комроншоҳ-укомон медали нуқра гирифтиян, ура –ааааа!

«Любое себе уважающее государство» ба варзишгаре, ки Парчами давлатро мебардорад, ба варзишагаре, ки метавонад обрӯи варзиши кишвар бошад,  ба ҷойи он ки ӯро «пожизненно  дисквалификатсия кунанд», баръакс пожизненно рӯйи даст мебардорад, пожизненно эҳтирому дастгирӣ мекунад. Илова бар ин, агар он варзишгар ҷавони хунгарми 24 сола бошаду ояндааш ҳанӯз дар пеш, укоҳояш, акаҳояш, братанҳояш сарҷамъ шуда, бояд дастгиру мададгораш бошанд. Ҳамин тавр не-мӣ??? Еще как ҳамин хелин!!!

— Оё  мо ҳуқуқи маънавӣ дорем, нафареро, ки дар бузургтарин сабқатҳо ширкат карда, ғолиб мешавад, ба шарофати ӯ Суруди миллии мо танинандоз мешаваду Парчами мо боло дисквалификатсия кунем? Он ҳам барои як иштибоҳ… Иштибоҳе, ки аз беэътиноӣ ва ноҳақӣ нисбати ӯ сар задааст?

«Акнун фаҳмидӣ, хонанда, ки гӯштии мо ба ислоҳоти кулл, реформаи бебозгашт ниёз дорад? Беодобӣ, доварии ғайримунсифона, тағобозӣ, ҳаромбозӣ, ноҷавонмардӣ, гапгузаронӣ, пуштигирии ноҷавонмардона дар гӯштигирӣ…» воқеан ҷой дорад. Ва паёмадаш «Аблаҳе аз бом ғалтад, гардани мо бишканад» шуду Комроншоҳро аз варзиш ду сол дур карданд…

Мана Комроншоҳи полвон дар мусобиқаи байналмилалии «Grand-Prix Antalya 2017», ки дар он паҳлавонон аз 34 кишвари ҷаҳон бо ҳузури 252 нафар варзишгар иштирок карданд, мақоми 2-юмро соҳиб шуда, бо медали нуқра ба Ватан баргашт.

Аммо аз қаҳрамонии Комроншоҳ, ки дастоварди варзиши кишвар аст аз сомони Кумитаи ҷавонон, варзиш ав сайёҳӣ ки ӯро аз варзиши кишвар барканор карданд, хабар надоданд. Шояд ин ҷо зери коса нимкосае ҳаст? Касоне мунтазири чунин «беадабии» Комроншоҳ буданд? Зеро нағз мидоним, ки урмонамонанда ба ҷойи паланг қуянчаҳои  мӯл хоб! Валлоҳ зарба ба варзишгари ҷавон шикасти ӯст, ноинсонфист!

«Аморально и аполитично», – ба гуфти буродарони рус.

Аммо Комроншоҳ нашикаст, жесте ки ӯ дар мусобиқаи байналмилалии Туркия нишон дод, бисёриҳоро аз ботину зоҳир ларзонд, баъзеҳоро пакар кард.

Ӯ тавассути ғалаба бадхоҳонашро, ки ба ӯ  «бо ҳаракати баду беандешонаву дағалу нораво» муносибат карда буданд, «1 бор зад…

Ва чӣ гуна? Ва оё 1 бор-мӣ???»

Ин ғалабаи Комроншоҳ  «беҳтарин намакпосдорӣ дар нисбат ба миллати Тоҷик аст, ки аз буҷаи ҳукумати марказӣ барои машқу тамринаш ҳудуди ним миллион сомонӣ (487 ҳазору 573 сомонӣ)» ҷудо шуда буд. Яъне маблағҳо барҳадар нарафтанд, Ӯ ҷисману рӯҳан шикаст нахӯрд. «Раҳмати калон, уко…”

Мо Метавонем-акаҷон!!!! Еще как митоним братэло!

P.S. Ҷумлаву ибораҳое ки дар нохунак аст, ба Сайёфи Мизроб тааллуқ доранд…

Одили Нозир

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

11 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *