Конференсияи ҷумҳурӣ дар ДДҲБСТ

4-уми феврали соли 2020 дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Такмили қонунгузории зиддикоррупсионӣ: муаммоҳо ва дурнамои рушд» баргузор гардид.

Тавре Сино Ғафурӣ, мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ ба “Pressa.tj” хабар дод, дар кори конференсия муовини аввали раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода, ёрдамчии калони прокурори вилояти Суғд Гулчеҳра Ғоибназарова, кормандони РАНДМ ва МК ҶТ дар вилояти Суғд Қиёмиддин Насруддинзода ва Васлибек Назриён, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода, шахси масъули комиссияи ҷамъиятии муқовимат бо коррупсияи МИҲД-и вилояти Суғд Музаффар Бобоҷонов, намояндаи МИҲД шаҳри Хуҷанд Ҳотам Маҳмудов, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Анвар Сафарзода ва устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Пиралӣ Назарзода иштирок намуданд. Нахуст, ректори ДДҲБСТ профессор Муъмин Шарифзода конференсияи ҷумҳуриявиро ифтитоҳ намуда, ҳайати меҳмононро ба иштирокчиён муаррифӣ кард ва баргузории конференсияро барои амалинамоии дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳиму саривақтӣ унвон кард.

Дар идомаи конференсия ҷумҳуриявӣ Анвар Сафарзода профессор, мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ дар самти муқовимат бо коррупсия”, нозири калони шуъбаи пешгирии коррупсияи РАНДММК ҶТ дар вилояти Суғд Васлибек Назриён таҳти унвони “Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти амалигардонии сиёсати зиддикоррупсионии давлат”, ёрдамчии калони прокурори вилояти Суғд Гулчеҳра Ғоибназарова дар мавзӯи “Зарари коррупсия ба субот ва амнияти ҷомеа”, дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ Самад Болтуев таҳти номи “Мафҳуми коррупсия аз назари ҳуқуқи байналмилалӣ” ҳамчунин сармуаллими кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ Шарофиддин Солиев дар мавзӯи “Коррупсия чун зуҳуроти таҳдидкунанда ба амнияти давлатӣ” ва магистранти соли аввали ДДҲБСТ Муҳиба Ҷабборова дар мавзӯи “Муборизаи қатъи ба амалҳои коррупсионӣ-шартимуҳими зиндагии шоиста” маърӯзаҳо ироа намуданд. Иброз гардид, ки мубориза бар зидди коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошанд. Дар интиҳои ҷаласаи пленарӣ ба иштирокчиёни конференсия туҳфаҳои рамзии раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *