Конфронси илмию назариявӣ дар Академияи ВКД

 Дирӯз бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию назариявӣ дар мавзӯи «Саҳми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд, дар ҷамъомад ҳайати шахсии ин муассисаи олии таълимӣ, курсантон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ширкат варзиданд.
Сардори Академия, полковники милитсия Файзалӣ Шарифзода ҳозиринро бо ҷашнвораи бузурги таърихӣ таҳният гуфта, Истиқлолиятро санаи бебаҳо арзёбӣ намуд. Ба андешаи мавсуф, Истиқлолият асоси давлатдории навини тоҷиконро ташкил дода, дар рушди соҳаҳои мухталиф саҳми арзанда дорад.
Маърӯзаҳо дар мавзӯъҳои «Саҳми мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мафҳуми Истиқлол ва таснифоти он», «Ташаккули Истиқлолияти миллӣ ва ҳадафҳои тақдирсози Тоҷикистон дар шароити хатарҳои глобалӣ», «Мо зодаи Истиқлолем!» шунида шуданд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ барномаи фарҳангию фароғатии курсантони курси аввал пешкаши ҳозирин гардид, ки саршор аз ватандӯстиву хештаншиносӣ буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *