Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Конор эълон кард, ки тарки UFC мекунад

Размикори муҳорибаҳои омехта дар вазни сабук Конор Макгрегор дар саҳифаи Твитер бори дигар аз хотимаи фаъолияти варзишаш хабар дод.

Бояд гуфт, дар маҷмӯъ бори 3-юм аст, ки размовари ирландӣ аз варзиши касбӣ берун мешавад. Яке аз пурсарусадотарин варзишгари риштаи муҳорибаҳои омехта — Конор Макгрегор боз ҳам тасмим гирифт, ки аз варзиши касбӣ канор равад.

Конор қаблан ду маротибаи дигар низ дар солҳои 2016 ва 2019 аз анҷоми фаъолияташ хабар дода буд, вале боз бо сабабҳои гуногун ба октагон баргашт. Макгрегори размовар дар ду вазн қаҳрамони UFC гардидааст. Дар тули фаъолияти касбии худ дар MMA ӯ 26 муҳориба баргузор кард, ки 22-тои онро бо ғалаба анҷом дода, дар 4 вохӯрии дигар мағлуб шудааст. Бори охирин ин размовари ирландӣ моҳи январи соли равон ба октагон баромад ва дар гузораи 40 сония намояндаи амрикоӣ — Доналд Серронро шикаст дод.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.