Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Консерти Севинч дар Панҷакент баргузор нашуд

Рӯзи 13-уми ноябр, соати 14:00 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент бояд консерти ҳунарманди шинохтаи Ӯзбекистон Севинч Мӯъминова баргузор мегардид. Аммо бо сабабҳои ба мухлисонаш номаълум консерти мазкур баргузор нагаштааст.

Мухлисоне, ки аз баргузор нашудани консерт огоҳӣ надоштанд,  аз деҳаҳои дурдаст ба маркази шаҳри Панҷакент омада аз соати 13 то 15 чиптаҳо дар даст шурӯъи консертро интизорӣ кашидаанд.

Онҳо мегӯянд, дар варзишгоҳ касе нест, моро ҳам огоҳ накарданд, ки консерт баргузор намешавад, мо соатҳост, ки дар инҷо мунтазири баргузории консерт ҳастем, аммо ҳеҷ гапу хабаре нест.

Аммо баъзе огаҳон гуфтанд доиршавии консертро гӯё раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода иҷозат надодааст.

Ба гуфтаи мухлисони Севинч ҳанӯз 20 рӯз пеш аз баргузории консерт дар радиову телевизиони маҳаллӣ ва дар овезаҳои варзишгоҳ хабар шуда буд. Рӯзи 8-уми ноябр низ консерти ин ҳунарманд дар шаҳрии Турсунзода бо сабабҳои номаълум баргузор нашуд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.