Корд задани ҷавонзан аз ҷониби шавҳар

Марди 21- солаи сокини пайтахт дар ҳолати мастӣ бо зани ҷавони 18- солааш ҷангҷол намуда, ӯро бо корд захмӣ намудааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавонзани 18-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 8-уми июни соли 2020, тахминан соатҳои 19:00 шавҳараш ҷавони 21-солаи сокини ҳамон ҷо дар ҳолати мастӣ қарор дошт. Аз ҳиссиёти авбошиаш бо ӯ муноқиша карда, бо корди хоҷагӣ як маротиба ба қафаси синааш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнин ба саломатиаш бардошта, дар беморхона бистарӣ мегардад.


Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *