Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Корд задани марди 29 сола бе ҳеҷ гуноҳ дар Душанбе

Як ҷавони 29 солаи сокини пойдахт ҳангоми дар назди бинои истиқоматиаш қарор доштан бе ҳеҷ асос мавриди таҳқир ва латту кӯби ҷавони дигари тақрибан 20 сола қарор гирифта, аз зарби корди якуми сахт захми гардидааст. Дар ин бора дафтари матбуоти ВКД хабар медиҳад.

Бино ба иттилооти манба ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 57-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки санаи 16-уми июни соли 2020, тахминаи соати 23:00 ҳангоми дар кӯчаи С.Шерозӣ назди бинои 75 қарор доштанаш, ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи мазкур аз ҳиссиёти авбоши бе ягон асос ҷиянаш, марди 29-солаи сокини шаҳри Душанберо дашномҳои қабеҳ гуфта, лату кӯб намуда, бо корди дар дасташ буда, ба баданаш 1-маротиба задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.