Кордчазани ширакайф дар ҳушёрхона аст

Санаи 14-уми сентябри соли ҷорӣ тахминан соати 18-и бегоҳ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки ба иттилои шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои мазкур як нафар мавриди латукӯб қарор гирифта, ҳамзамон ба воситаи корд захмӣ карда шудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба таври расмӣ ба иттилои шахрвандон мерасонад, ки ҳодисаи мазкур дар кӯчаи Қаҳҳорови н. Фирдавсии ш. Душанбе дар рӯ ба рӯи ошхонаи «Амонҷон» рух додасст.

Кормандони мақомоти милитсия дарҳол ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, нафари гумонбарро дар ҳол дастгир намуданд.

Дар натиҷа муайян карда шуд, ки ду нафар шаҳрвандон Барлосов Муродҷон Урозалиевич соли таваллудаш 10. 01. 1983. сокини шаҳри Ваҳдат бо шаҳрванд Шерхони Эмомалӣ соли таваллудаш 07.09.1976. сокини н. Фахор ҷ/д Ватан байни ҳамдигар муноқиша намуда, ҳар ду дар ҳолати сахти сархушӣ ҳамдигарро мавриди латукуб қарор додаанд. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки дастгиршуда Барлосов Муродҷон ба воситаи олоти халандаю бурранда як чанд маротиба ба қисматҳои ҳаётан муҳими Шерхони Эмомалӣ зарба задаст, ки охирон бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ айни замон дар беморхона бистарӣ карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки айни замон гумонбаршаванда шаҳрванд Барлосов Муродҷон бинобар сабаби дар ҳолати сахти мастӣ қарор доштан дар Ҳушёрхонаи РВКД дар ш. Душанбе қарор дошта, ҷиҳати оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ва муайян намудани сабабу омилҳои сар задании ҷинояти мазкур тафтишон идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *