Корди гадо болои равған мешавад (Видео)

Имрӯз соати 11-30 ба хабарнигори сомонаи «Тajikistantimes.tj» духтари Болтақул Абдураҳмонов занг зада гуфт, ки пас аз дарди дилашон дар ҳафтаномаи «Оила» нашр шудан одамони зиёде ба хонаашон дасти ёрӣ дароз намуданд. Гулбибӣ иброз намуд, ки  ин субҳ аз тарафи ҷамоати Шарора ба хонаашон 3 халта орд, 1 қопча -намак, 1 қопча-картошка, 1 қопча -пиёз, 5-литр руған кӯмак расониданд. Бар зами ин директори мактаби Хоҷасидиқ 2-қопча ангишт барои захираи зимистона хайр кардааст.

Ҳамчунин ёдовар шуд, ки хонандагони сомонаи «Тajikistantimes.tj» баъди тамошои навори онҳо занг зада 10 ҳазор рубли русӣ ба хонаашон кӯмак карданд.

Дар охири сӯҳбат Гулбиби Абдураҳмонова гуфт, ки бо шарофати кормандони «Оила» мушкилашон ҳал гашта истодааст ва аз онҳое, ки ба оилаашон кӯмаки моливу озуқаворӣ ва дасти хайр дароз намуданд арзи сипос намуд.

«Фонд таджика» низ пас аз кӯмаки худро расониданд аз Русия тариқи видео дуои мӯйсафед Болтақул Абдураҳмоновро гирфтанд ва ваъда доданд, ки  моҳе пас боз ба ин хонадон кӯмаки хешро дареғ намедоранд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *