Корхонаҳои содиротии кишвар ба талаботи модерни савдои ҷаҳонӣ мутобиқ мешаванд

Ҳафтаи гузашта Душанбе чорабинии муҳиме дар доираи барномаи Ready4Trade Central Asia баргузор гардид, ки дар он ба намояндагони 20 корхонаҳои содиротии кишвар шаҳодатномаҳои Ибтикори мурабигии идоракунии содирот тақдим карда шуд. 

Чӣ гунае, ки дар аввали чорабинӣ Насибахон Аминова – Директори иҷроияи Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурди миёнаи Тоҷикистон қайд кард, ҳадафи асосии чорабинии мазкур, кӯмак расонидан ба ширкатҳои ба содирот нигаронидашуда ва ба бозори байналмилалӣ мувофиқ кардану дар сатҳи ҷаҳонӣ кор кардани онҳо мебошад.

Меваю сабзавоти тару тоза ва коркардшуда, бофандагӣ ва ғайра барои бахши хусусии Тоҷикистон маҳсулоти муҳимми содиротӣ ба ҳисоб мераванд. Бо назардошти ҷаҳонишавии иқтисод ва иқтидори истеҳсолии онҳо корхонаҳои Тоҷикистон метавонанд тавассути таҳия ва татбиқи стратегияи аҳамиятноки воридшавӣ содироти худро афзоиш диҳанд.

Бо дастгирии коршиносони ботаҷриба, аз ҷумла мутахасисони ботаҷрибаи дохилӣ, намояндагони Дастгирии соҳибкорони хурду миёна метавонанд фаъолияти содиротиро тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ бо назардошти тамоми тартибот ва қоидаҳои савдои байналмилалӣ ба роҳ монанд.

Иштирокчиёни чорабинӣ натиҷаҳои асосии марҳилаи мобайнии лоиҳаро баррасӣ карданд, таассурот ва пешниҳодҳои худро оид ба такмили ташаббус гуфта, инчунин қадамҳои минбаъдаи корхонаҳо, аз ҷумла амалисозии пешниҳодҳои коршиносонро муайян карданд.

Насибахон Аминова, директори иҷроияи АМСХМ дар Тоҷикистон дар суханронии худ қайд кард, ки татбиқи амалии ин ташаббус дар Тоҷикистон то охири соли 2021 идома хоҳад ёфт.

Бояд гуфт, ки барномаи мазкур аз ҷониби Маркази байналмилалии савдо амалӣ карда шуда, онро Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мекунад. Дар Тоҷикистон бошад барномаи мазкурро Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон (АМСХМ ҶТ) намояндагӣ мекунад.

Дар доираи лоиҳа ба соҳибкорон фаъолиятҳои амалии ба хизматрасониҳои машваратӣ пешбинишуда, тавассути ҳадафҳои ибтикории пешниҳод менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *