Корманди 27 солаи “Амонатбонк” худро ба дор овехт
Ҷисми беҷони ӯ муаллақ дар сари дор буд. Ҷисми беҷоне, ки дарду доғу ҳасраташро ба дасти боди фано дода. Ӯ ки то ба он рӯзи наҳс орзуву омоли зистан дошту зиндагии зеборо орзу мекард. Пас чаро даст ба худкушӣ заду дар мотами худ ақрабояшро шинонд? Чи чиз боис чунин як амри қотеона гардиду он ҳама орзуву омолро канора гузошта ҳалқаи дорро ба гардани худ сазовор донист?
Пас аз ҷустуҷӯ ва такопуи зиёд аҳли хонавода Ғиёсиддин Аюбзода, корманди “Амонатбонк” дар деҳаи Ревади ноҳияи Айниро аз ҷое пайдо карданд, ки ҷисми беҷони ӯ дар ҳалқаи дор овезон буд
Ин ҳодисаи мудҳиш бегоҳии дирӯз дар утоқи “Амонатбонк” дар деҳаи Ревад рух додааст. Ғирев аз хонаводаи Ғиёсиддин саросари ноҳияро фаро гирифт.
Ин роҳи халосиро ҷустану даст ба худкушӣ задани ин корманди “Амонатбонк” дар чист? Магар мушкилот то ҷое буд, ки дигар роҳи ҳал намонд ба ҷуз худкушӣ? Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Айнӣ рафти ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Бино ба гуфтаи як масъули ҷамоати Урметан, бидуни ифшои номаш баъзе аз ҷузъиёти худкушии Ғиёсиддин Аюбзодаро дар мубоҳисаи бо волидонаш тавзеҳ дод.
Вай гуфт, Ғиёсиддин,ки корманди “Амонатбонк” аст, саҳари рӯзи 4 октябр зимни аз хона баромаданаш ба волидонаш гуфтааст, ки имрӯз ба маркази ноҳия меравад, вале то бегоҳ дигар ба хона барнагашта дар ҳуҷраи кориаш худро ба дор овехтааст.
“Як бачаи бо ахлоқ буд, муомилааш бо мардум хеле хуб буд. Он рӯз аз хона баромада то дери бегоҳ барнагаштаасту телефонаш ҳам ба зангҳо ҷавоб надодааст. Ин ҳолат аҳли хонаводаашро дар ҳолати хавотирӣ гузоштааст. Ҳама ба ҷустуҷӯ сар мекунанд вақте дари утоқи кориашро боз мекунанд, ки алакай ҷисмаш дар ресмоне овезон аст. Чаро даст ба ин кор задааст, барои аҳли ҷамоат муаммо аст”, — иброз намуд манбаъ.
Бино ба иттилоъи манобеъ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайи таҳқиқи худкушии корманди “Амонатбонк” дар рӯи мизи корӣ навиштаҷоти иборат аз шаш ҳафт саҳифагӣ дарёфт намудаанд, ки Аюбзода пеш аз бо дор кашиданаш онро навиштааст. Ба гуфтаи манобеъ аз Идораи болоии “Амонатбонк” дар он навиштаҷот Ғиёсиддин дар бораи муомилоти пулӣ аз ҷумла додугирифти беш аз 140 ҳазор сомонӣ бо чанде сокинони деҳоти Айнӣ гуфтааст.
Ғиёсиддин Аюбзода ҳамагӣ 27 сол дошт ва чанд соли охир минҳайси сардори як нуқтаи хизматрасонии “Амонатбонк” дар Ревади Айнӣ фаъолият мекард. Ин нуқтаи бонк асосан барои пардохти пули нафақаи сокинони деҳа ташкил карда шудааст.
Хонаводаи Аюбзода аз нафарони зиёии деҳаи Айнӣ гуфта маҳсуб шуда падар ва модараш ҳарду муаллими деҳа мебошанд. Иллати даст ба худкушӣ задани Ғиёсиддин то ҳол барои аҳли хонаводааш муаммо аст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Айнӣ ба таҳқиқи ҳодисаи даст ба ҳудовезӣ задани корманди “Амонатбонк” шурӯъ намудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ