Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Коронавирус ба муовини вазир сироят кард

Муовини вазири беҳдошти Эрон Эраҷ Ҳарирчӣ низ мубталои маризии сироятии «коронавирус» гардидааст. Номбурда дар муроҷиати худ ба шаҳрвандони ин кишвар гуфтаст, ки «сироят ёфтааст ва вазъи саломатияш мӯътадил аст» Хабар медиҳад сомонаи sputnik-tj.com

Бинобар иттилои манбаъ Абос Аслонӣ як хабарнигори эронӣ дар сафҳаи Twitter- и худ муроҷиати видеоии муовини вазири беҳдошти Эронро нашр кардааст, ки дар он Эраҷ Ҳарирчӣ мегӯяд, мубталои маризии коронавирус шудааст.

«Ҳолам хуб аст ва як миқдор хастагӣ дорам, таб доштам, ки иншоАллоҳ паст мешавад. Мехостам бароятон бигӯям, ки мутмаин бошед, ки бо талошҳои шумо, Вазорати беҳдошт ва пуштибонии давлат, зарфи чанд ҳафтаи охир дар муқобили ин короновирус пирӯз хоҳем шуд. Мутмаин бошед, ки мо короноро шикаст медиҳем, аз таҳи қалб инро мегӯям», — афзудааст ӯ.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.