Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Коронавирус: Дар 24 соат 580 ҳазор нафар сироят ёфтанд

Дар як шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавирус дар ҷаҳон беш аз 580 ҳазор афзоиш ёфта, аз 133,03 миллион гузашт, хабар Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ.

СУТ хабар дод, ки то ҳол дар ҷаҳон аз коронавирус 133 034 420 нафар сироят ёфта, 2 886 246 нафар фавтидаанд. Шумораи гирифторони ин беморӣ шабонарӯзи охир 580 640 нафар ва фавтидагон 11 934 нафар афзудааст.

Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 31 560 438. Баъд аз он Бразилия (13 106 058), Ҳиндустон (12 801 785), Франсия (4 841 308), Россия (4 597 868), Британияи Кабир (4 364 529), Италия (3 686 707), Туркия (3 579 185), Испания (3 317 948), Германия (2 912 636), Колумбия (2 468 236) ва Полша (2 456 709) қарор доранд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.