Коронавирус: Сироятёфтагон марзи 2 миллионро гузаштанд

Имрӯз теъдоди сироятёфтагон аз коронавируси дар ҷаҳон аз 2 миллион нафар гузашт. Хабар медиҳад Интерфакс.  

Ҳоло дар дунё зиёда аз 2 019 320 нафар аз коронавирус сироят ёфта, бештар 119 483 нафар фавтидаанд.

Дар ҳоли ҳозир Амрико  ҳам аз ҷиҳати сироятёбӣ ва ҳам аз ҷиҳати фавотёбӣ дар ҷойи аввал меистад, ки 682,619 нафар сироятёфта ва 23,529 нафар вафоткарда ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҷои дуюм Испания меистад, ки 170 099 сироятёфта ва 17 756 фавтида маълум шудааст.

Дар ҷойи сеюм Италия мебошад, ки 159.516 ҳолати сироятятёбӣ 20,465 ҳолати марг ба қайд гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *