Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Корвонҳои иттилоотии журналистон: Cӣ журналист аз сӣ расонаи ватанӣ ба Суғд мераванд

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Чумҳурии Тоҷикиcтон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз мулоқот бо намояндагони ВАО рӯзи 20 феврали соли 2019 бармеояд, Иттифоқи журналистони Тоҷикиcтон ҷиҳати тарғибу ташвиқи дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламон тавассути матбуот, радио, телевизион ва агентиҳои иттилоотӣ чорабиниҳои мушаххасе ба нақша гирифтааст.

Аз ҷумла, ташкили корвонҳои иттилоотии журналистон ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ таҳти унвони «Тоҷикистон – сарзамини орзуҳо» дар арафаи ҷашни муқаддаси миллӣ- 30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам меоранд, ки намояндагони васоити ахбори умуми ҷумҳурӣ бо зиндагии мардум, рафти сохтмони иншооти бунёдшаванда, дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ва рӯзгори воқеии мардум бевосита шинос гарданд ва дар ВАО-е, ки намояндагӣ мекунанд, маводи фаровони иттилоотӣ барои аудиторияи худ пешниҳод созанд.

Сафари аввалини корвон бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо сарпарастии ширкати ватании «Сиёма» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд 27-30 августи соли 2021 ба вилояти Суғд шуруъ мешавад. Сӣ нафар журналист аз сӣ расонаи ватанӣ дар баробари ошноӣ бо дастовардҳои вилоят дар мизи мудавваре, ки бо иштироки коршиносони соҳа баргузор мегардад, иштирок мекунанд. Мавзуи мизи гирд баррасии вазъи ВАО-и кишвар дар солҳои истиқлоли давлатӣ: имкониятҳо ва дурнамо мебошад.

Тавре раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода иттилоъ медиҳад, дар ин корвон аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ намояндагон иштирок мекунанд. Ба ибораи Исмоилзода ташкили корвонҳои журналистӣ барои баррасии мавзуъҳои доғи соҳаи журналистика, табодули таҷрибаи байниҳамӣ ва дарёфти роҳҳои беҳтар намудани фаъолият ва рақобатпазир будани ВАО дар шароити таҳоҷуми итттилоотӣ имконияти васеъ фароҳам меорад. Корвонҳои журналистон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва водии Рашт низ дар моҳҳои сентябр – ноябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.