КОРЗИНА #10 Моҳпайкар Ёрова: Табассуми дурӯғ карда наметавонам (Видео)

ВАҚТЕ КИ ЮБИЛЕЙ ДОРЕМ…

Ба онҳое, ки намедонанд, хотиррасон менамоем: чандест ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар ютубканали худ – Pressa.tj барномаи интернетиеро бо номи “Корзина” роҳандозӣ кардааст. Дар “Корзина” аз корзинаи шахсиятҳои маъруф сухан меравад. Чун ҳафтаи гузашта “Корзина” юбилей дошт, яъне 10-ум шуморааш сабт мешуд, мо ҳам ба Театри давлатии “Ҷавонон” ба номи Маҳмудҷон Воҳидов рафта меҳмони Моҳпайкар Ёрова шудем, ки ӯ низ юбилей дошт.

— Мегӯянд юбилей таровати хос дорад. Чун ҳоло шумо ба юбилей мерасед, бигӯед, ки таровати он дар чист?

— Соли гузашта ҳис мекардам, ки зодрӯзам монанди солҳои пешин содаву якранг аст. Хушбахтона имсол бароям таровати дигар дорад, зеро зиёд  табрикномаҳо гирифтам. Ногуфта намонад, ки аз як ҷиҳат ғамгин ҳам ҳастам, зеро дӯстон гуфтанд, ки ту аллакай зани нимасра ҳастӣ. Ҳарчанд худамро 30-35-сола ҳис мекунам.

— Мо синну солатонро ошкор карданӣ набудем, аммо…

— Раҳмат, вале ман аз синну солам гурехтанӣ нестам ва онро пинҳон ҳам намекунам.

ВАҚТЕ КИ ЯК ГАП НАДОРЕМ…

— Шумо ҷое гуфта будед: “Агар хоҳӣ, ки орзуҳоят амалӣ шаванд, онҳоро ба касе нагӯ” пас чаро шумо дар ҳар мусоҳибае, ки иштирок доштед аз орзуи деринаатон, ки иштирок дар филми туркӣ буд, гуфтед?

— Баъзан вақт ҳамин гуна мешавад. Вақте бисёр пурсуҷӯ мекунанд, наметавонам хомӯш бошам.

— Ҳамин нақшофарӣ дар филми туркӣ шуданист ё не?

—  Бале, шуданист ва рафатанӣ будем, вале бо сабабҳои ба ҳамагон маълум марзҳо баста шуданду сафари мо мавқуф гузошта шуд.

— Филми мазкур чанд серия дорад?

— Ростӣ, намедонам чанд қисм буданашро, аммо ба ман гуфтанд, ки 10 рӯзи корӣ дорам.

ВАҚТЕ КИ СУХАНҲОЯМОН МУҚОБИЛИ ҲАМДИГАРАНД…

— Шумо сенарияро чӣ гуна қабул мекунед?

— Ба ман сенарияро меоранд ва аз миёни нақшҳои зан якеашро, ки ба ман наздик аст, қабул мекунам. Бовар кунед, ман аз пушти нақшҳои калон нестам, хурд бошанду дард, ширинӣ, ҳаёти аҷиб ва таъсирбахш дошта бошанд.

— Ҳоло ба шумо суханеатонро мегӯям, ки муқобили гапи ҳозираатон аст: “Ман нақшҳои хурдро рад мекунам, зеро пулашон кам аст” инро чӣ гуна фаҳмем?

— Ман инро чанд сол пеш гуфта будам. Ҳоло ман бо мурури замон қадам мемонам. Он вақт каме ҳавобаланд будам.

— Гонорарро аз рӯи нақш муайян мекунед?

— Гонорар аз рӯи нақш не, балки аз рӯи рӯзи корӣ муайян карда мешавад.

ВАҚТЕ КИ ХУДАМОНРО НАМЕКУШОЕМ…

— Шумо гуфтаед: “Ба чандин филмҳо нарафтам”. Ва боз гуфтаед: “Ҳастанд нафароне, ки филмҳояшон хубанд ва боз ҳастанд нафароне, ки филмҳояшон баданд”. Чаро мо ҳамеша пинҳон мекунем, биёед, рӯирост бигӯед, ки ба кадом филмҳо нарафтед, киҳо филмҳои бад мегиранд, аз кадом коргардону филмҳо хушатон намеояд?

— Бовар кунед, дар ин замон ки ҷавонони мо ба қавле аз рӯи мақоли маъмулии  “шеъри худам, оҳанги худам ва худам месароям” кор мегиранд, ҳарфҳои мо беҳуда аст. Ба ин хотир, беҳтараш хомӯширо ихтиёр кунем.

— Шумо дар як мусоҳиба гуфтед, ки то ин замон ман дар вақти иҷрои нақшҳо танҳо 50-60%-и истеъдодамро сарф кардам. Яъне, аз театр маош мегиред, аз муаллифони филмҳо гонорар мегиред, вале пурра истеъдодатонро истифода намебаред. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

— Ин чанд сол пеш буд. Барои ҳунарманд коргардони хуб лозим аст, на ин ки бояд хунарманд худро шиканад. 50-60 фоиз истифода кардани истеъдодамро ба маъное гуфтам, ки худамро намешиканам, яъне ман агар 100 фоиз худамро истифода барам, дигар аз ман чизе намемонад.

ВАҚТЕ КИ БАРОИ НОН НОМРО СИЁҲ МЕКУНЕМ…

— Шумо дар чанд филми коргардонҳои ҷавон иштирок кардед ва барои ин борони “коммент”-ҳои бад ба саратон рехт. Ба саволе, ки чаро дар чунин филмҳо нақш меофаред ҷавоб додаед, ки барои даромад. Вале ҳоло бигӯед, ки оё меарзад барои нон номро бад кунем?

— Ман ба суханони шумо розӣ ҳастам. Яъне, мо — ҳунармандон баъзан мешавад, ки барои даромад дар филмҳое нақш меофарем, ки ҳам ба худи мо ва ҳам ба мухлисонамон писанд нестанд, аммо мо бояд зиндагӣ кунем. Мо ин пешаро касб кардаем ва бояд ба воситаи он  зиндагиро ба пеш барем.

ВАҚТЕ КИ БАҲОНА ДОРЕМ…

— Шумо гуфтед, ки ман бештар бо як сабаб аз коргардонҳо норозиям: “онҳо маро дар мазҳака санҷидан намехоҳанд”. Биёед, мо ба шумо имконият медиҳем ва худи ҳозир дар жанри мазҳака ягон чиз созед.

— Не, ман якуякбора наметавонам. Ҳоло дар ин театри гарм ва бо ин саволҳои шумо ҳеҷ коре карда намешавад.

ВАҚТЕ КИ ДОВАРЕМ…

— Шумо дар озмуни “Зебосанам-2019” довар будед ва гапу калочаҳо зиёд шуданд. Ба қавле дар он ҷо нақши довари ҷиддиро бозӣ кардед, ба ин чӣ мегӯед?

— Бовар кунед, ман ягон нақш наофаридам дар он ҷо. Аз дид, аз фикр ва фаҳмиши ман бояд дар чунин озмунҳо довар ҳамин тавр бошад. Хостам беҳтаринҳо ба даври оянда гузаранд. Яъне, рӯихотирбинӣ набошад. Ман наметавонам табассуми дурӯғ карда, гӯям ба даври дигар гузар. Маҳз ин боис гашт, ки аз Қазон ба ман гуфтанд, ки мехоҳем дар чунин озмун шумо довар бошед.

Корзина #10 дар ютуб

ЧАНД ТАРОШАИ АЗ БОМ АФТИДА Ё САВОЛҲОИ ПАРОКАНДА

— Ба нафароне, ки аз мактаби актёрӣ нагузаштаанд, муносибати шумо чӣ гуна аст?

— Муносибати бад надорам, аммо бояд ҳар нафар дар соҳаи худаш “профессионал” бошад.

— Мо дар матбуот гоҳ-гоҳ навиштаҳои ҳамкасбонатон Абдумумин Шарифӣ, Ортиқи Қодир ва Қурбони Собирро мехонем, барои чӣ аз шуморо намехонем?

— Барои навиштан қалам даркор, фикр мекунам, ки ҳамон қаламро ман надорам. Ва аз ҷониби дигар нависонависро дӯст намедорам, ба қавле навиштан аз ман нест.

— Чанд сомонӣ даркор аст, ки шумо як моҳ бе мушкилӣ зиндагӣ кунед?

— Сарфу харҷи ман зиёд аст. Ҳозир дақиқ ҷавоб диҳам, боз касе пайдо нашавад, ки ҳамон миқдор пул ба ман диҳад ва гӯяд, ки дар хона шин.

— Дар Тоҷикистон бо пешаи актёрӣ  зистан шоиста мумкин аст?

— Бале, гурусна намемонӣ

ОХИРИН РӮЗ

— Се филмеро номбар кунед, ки дар онҳо нақш офаридан мехостед.

— “Рустам ва Сӯҳроб”, “Троя” ва “Вавилон”

— Се филмеро номбар кунед, ки пас аз нақш офаридан пушаймон шудед.

— Ин гуна филм нест.

— Се актрисаи тоҷик.

— Мавлона Наҷмиддинова, Зулфия Содиқова ва Майрам Исоева.

– Се актёри тоҷик.

— Қурбони Собир, Лутфулло Давлатов ва Хуршед Мустафоев

— Се коргардони тоҷик.

— Султон Усмонов, Носир Саидов ва Нозим Меликов.

— Се нақши беҳтаринатон.

— “Золотой запас”, “Турецкий транзит” ва “Арӯси замонавӣ”

— Се сенаристи тоҷик

— Нaмедонам.

— Ва охир, агар имрӯз охирин рӯзи ҳаёти шумо бошад, чӣ кор мекунед?

— Намедонам.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

P.S: Ин суҳбат рӯзи 21-уми июл буд. Рӯзи 28-уми июл Моҳпайкар Ёрова ба синни мубораки 50 даромад ва ба ин муносибат ҳайати эҷодии “Тоҷикистон” барои ин бонуи ҳунарманд амалишавии тамоми орзуҳояшро таманно мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *