Корзина #2 бо Баҳриддини Сабур (Видео)

Дар барномаи “Корзина”-и ютюбканали pressa.tj  продюссер ва ҳунарманди тоҷик Баҳриддини Сабур  асрори нокушодаи зиндагии хешро боз кард ва сабаби тағйир додани имиҷ (мӯйи сар часопонидан)-ашро низ гуфт. Мухтасари он сухбатро манзури шумо мегардонем.

— Шумо дар фазои маҷозӣ ҳар идеяе, ки рӯйи кор овардаед, дар он ҳатман ки иштирокчиён духтарон ҳастанд, барои чӣ дар иҳотаи духтаронед?

— Имрӯз баъзе духтарон аз ҷавонон дида шуҷоъ ва шердилтаранд. Масалан, дар  ҳамин мавриде, ки иштирокчии барномаи “Шуҷоъ” Софӣ ва Сабрина ман ба рақобат гузоштам, чандин ҷавононро гуфтам, вале онҳо розӣ нашуданд. Барои ман мувофиқтар аст бо духтарон кор кардан. Ва аз ҷониби дигар, барои ман қулайтар аст бо дутарон кор кардан, чунки ҳама идеяҳои маро қабул мекунанд.

— Агар саволро ба таври дигар диҳем, метавонем бигӯем, ки ҳамкории шумо бо ситораҳои фазои маҷозӣ махсус барои “хайп” аст?

— Не! Ҳатто дар фикрам нест, ки ман аз пушти духтарон “хайп” қапам. Духтарон худашон медонанд, ки ман барои онҳо “хайп” медиҳам, на онҳо ба ман.

— Аз Ютуб чӣ қадар моҳона мегиред?

— Аз 2 то 5 ҳазор сомонӣ

— Шумо мӯй часмондед, инро норозигӣ аз худ гӯем ё ҳамон кал-кал гӯиҳои “комментаторон”?

— Ман аз сарнавиштам, аз он чизе, ки Худованд ба ман лоиқ донистааст, ҳаматарафа сипосгузорам. Лекин аз оне, ки як одами фарҳангӣ, санъаткор метавонад як навигарие ба худ зам намояд, ҳамин корро кардам. Ростӣ имиҷамро иваз кардан дар нақшаам буд, вале азми қавӣ надоштам, ки ман бояд ин корро анҷом диҳам. Лекин азбаски дар Истанбул будам ва ҳолати мувофиқе омад, барои ман пешниҳод карданд, ки дар 5 соат имкони ба шумо мӯй часпонидан дорем ва ман розӣ шудам.

— Аз пасомади ивази имиҷ ҳарос надоштед?

— Ақидаи мардум ба ман ҳеҷ муҳимият надорад.

— Чаро шумо ба “комментаторон” ҷавоб намедиҳед?

— Вақт надорам. Вақт дошта бошам ҳам ҷавоб намедиҳам, зеро ақидаҳо гуногунанд. 

— Дар арафаи муҳорибаи Ҳабиб ва Конор шумо дар як навор ваъда додед, ки агар размкори доғистонӣ ғолиб ояд, мошинатонро фурӯхта хайр мекунед, ҳамон хайр чӣ хел шуд?

— Пас аз як рӯзи муҳориба мошинамро фурӯхтам ва пулашро хайр кардам. Бовар кунед, ин корро барои “хайп” ва ё гапи мардум не, балки барои ваъдаи худам,  қавли худам фурӯхтам.

— Ба куҷо, ба кӣ ва чӣ хайр кардед?

— Худо худаш ин чизро медонад, ки ман ба кӣ хайр кардам. Медонам барои баъзеҳо ҷавоб гирифтан ба саволи шумо муҳим буду ҳаст, вале ман дар ягонҷо расман нагуфтам. Барои маълумот ба шумо мерасонам, ки бо пули мошин чашмони як занро ҷарроҳӣ кардам. Яъне, ман ваъда кардам ва ба ваъдаам истодам.

— Шумо дар корҳои хайриявӣ иштирок мекунед, ба баъзе дастнигарон кумак мекунед, оё иҷозатнома доред? 

— Не. Барои он ки ман ҳеҷ вақт ба номи худам ба ҳеҷ кас пул ҷамъ намекунам. Балки ҳар нафаре, ки ба мо муроҷиат мекард, ба номи худаш корт мегирифтем ва ҳар қадар пуле, ки ҷамъ мешуд, худаш медонисту Худо.

— Аз донишгоҳ ба шумо чӣ мондааст?

— Аз курси аввал ба телевизион рӯй овардам ва аз курси дуюм ғоибона таҳсил кардам. Ҳама он таълиму тарбияе, ки устодон ба мо доданд, дар хотирам мондааст.

— Шумо Аълочии фарҳангед. Бигӯед, ки чӣ хизмат кардаед, ки ба ин унвон қадр шудед?

— Ман намедонам, ки чӣ хизмат кардаам ва ваъда ҳам намедиҳам, ки фалон хизматҳоро мекунам. Аз ҷониби вазорат лоиқ донистанд, ман қабул карда, ташаккур гуфтам.

— Шумо вақтҳои охир ба филмҳои тарбиявӣ гузаштед, чаро?

— Ман намехоҳам, ки чӣ хостанамро исбот кунам ва ба ин вазифадор ҳам нестам. Барои пул не, балки барои дилам ин корҳоро мекунам.

— Корти китобхона доред?

— Не.

— Тасаввур кунед, ки ҳамин рӯз рӯзи охирини ҳаёти шумо аст.

— Бисёр саволи ба фикр фурӯбаранда. Ман аз падарам, модарам, ҳамсарам, фарзандам ва дигар наздиконам бахшиш мепурсам. Яъне, рӯзи охири умрам ба узрхоҳӣ мегузарад.

Мусоҳибон

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,

МУМТОЗ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *