Котиба: хеш, маъшуқа ё шахси кордону дилёб?

Шахсияти котиба дар фаҳмиши мардуми мо гуногун аст. Яке вайро додарзода ё хоҳарзодаи раис мегӯяд, дигаре маъшуқааш, саввумӣ ӯро муҳтоҷи раис,  чорумӣ раисро муҳтоҷи кори ӯ, фикрҳои панҷумиву шашумӣ ҳам ҳастанд, ки онҳо яке котибаро духтари зебои мафтункунандаи меҳмонони раис ва дигаре ҳамчун нафаре мешиносад, ки меҳмононро бо дурӯғи устокорона гусел карда метавонад.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки котибаҳо якранг нестанд. Маҳз ба ин хотир мо дар ростои Рӯзи байналмилалии котибаҳо (24-уми апрел) аз чанд котиба доир ба кору фаъолияташон пурсидем.

Шаҳригул Қаюмова,

котибаи декани факултети боғпарварӣ ва биотехнологияи кишоварзии Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон:

-Котиба касби пурифтихор аст. Фикр мекунам, ки на ҳар кас аз уҳдаи ин кор мебарояд. Имрӯзҳо дар байни мардум ин касб то андозае бад муаррифӣ шудааст. Сабаб дар он аст, ки котиба аз ҳама кору фаъолияти роҳбар хабардор аст. Дар асл, муносибати раис бо котиба ҳамчун роҳбару корманд асту халос.

Нигора Замонова,

котибаи директори МТМУ 35 шахри Турсунзода:

-Бештари котибаҳо хеши раисанд, ки ин дуруст аст. Вақте роҳбар хеши наздикашро котиба мегирад, ба ӯ бовар мекунад ва метавонад дар дилхоҳ ҳолат калид, сейф ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳими корхонаро ба вай гузошта, аз пайи кори дигар шавад. Агар котиба хеши наздики раис бошад, касе наметавонад онҳоро “муносибати ошиқона дорад» гуфта туҳмат кунад. Тӯли 4 сол аст, ки котиба ҳастам ва бо роҳбарам ҳамчун бо падари худ муносибат мекунам. Шояд  аз рӯйи ҳамин гуна муносибатам бошад, ки давоми ин солҳо миёни мо ҳеҷ гуна овозаҳо набаромадааст.

Нилуфар Рустамзода,

котибаи муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии 96- и ш. Душанбе:

-Котиба ҳамеша дар даводав аст. Касби душвору пурмасъулият мебошад. Аммо шахсони зиëд инро намефаҳманду гапҳои беҳуда мезананд. Аввал, ки ба ҳар кас Худо имон диҳад ва баъдан ба овозаҳо аҳамият надода, кори худро кардан лозим аст. Раиси ман зан аст. Тӯли 5 сол аст, ки бо ҳам кор мекунем. Корамро дӯст медораму ҳамаи вазифаҳоро аз таҳти дил иҷро мекунам.

Ирода Исаева,

котибаи декани факултети филологияи руси ДМТ:

-Дар дунё коре нест, ки тамоман осон бошад, ҳар кор ба худ мушкилиҳое дорад, аз ҷумла кори мо. Аз сабаби он ки корҳои зиёди роҳбарро котиба анҷом медиҳаду бо ӯ вақти зиёд мегузаронад, баъзе одамон  ҳар хел овоза паҳн мекунанд. Сабаби ин овозаҳо ба фикри ман филмҳои туркӣ аст, ки ҳамеша котибаҳоро маъшуқаи раис нишон медиҳанд ва ин чиз дар мафкураи мардуми мо ҷой гирифтааст.

Саёҳат Хайрова,

котибаи декани факултети факултаи механикаю математикаи ДМТ:

-Котиба хеши наздики раис ба он маъност, ки дар як утоқанд.  Аз ҳама боэтимодтарин шахс ба роҳбар котиба аст. Мардум, намедонанд кори котиба аз чӣ иборат аст, ба ин хотир ҳар гуна суханҳоро паҳн мекунанд. Котибаҳо ба ҳар гуна суханҳо бояд аҳамият надиҳанд ва кори худро софдилона иҷро намоянд.

Умеда Қазоқзода,

котибаи декани факултети баҳисобгирии иқтисод ва идораи ДМТ:

-Котиба будан дар баробарӣ дигар касбҳо масъулият дорад ва аз инсон таҳамулпазирӣ, хушрафторию хшмуомила буданро талаб мекунад. Котибагӣ оғози кори ҳар як инсон аст. Тамоми коргарон вазифаи худро аввал аз котибагӣ шурӯъ мекунанд, зеро он касбест, ки шахс дар он дониши муккамал гирифта, аз нозукиҳои касб бархӯрдор мегардад ва то ба қуллаҳои баланди муввафақият мерасад.

Тӯли як сол мешавад, ки дар ин ҷо кор мекунам. Ман на ҷияни раис ва на муносибате бо эшон дорам, балки ҳамчун устод медонамашон ва ҳурматашон мекунам. Аз ҷониби мардум сухани нодурусте нашунидаам, зеро кори худро дуруст ва бе ягон мушкилӣ анҷом медиҳам.

Пурсишро омода карданд:

Моҳизаи Нуралӣ,

Қурбоной Муқумова,

Озода Мусоева,

Мунира Каримова,

Саёҳати Ҷумъахон,

Ҳалима Шобекова,

донишҷӯёни ДМТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *