«КОЗЁЛ ОТПУШЕНИЯ» ЧАРО АБДУЛЛО ҲАБИБОВРО НАТАВОНИСТАНД МАҒЛУБ КУНАНД?

Чанд рӯз қабл, бахшида ба 75 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар як дидори онлайнӣ рӯнамоии китоби «Аскарони Ғолиб» баргузор шуд. Китоби мазкур дастаранҷи  генерал-майор Абдулло Ҳабибов аст, ки чанд рӯз пеш аз олам даргузашт. Банда иштирокчии ин ҷаласаи онлайнӣ набудам ва китобро низ ҳанӯз дастрас накардаам, вале бо шунидани ин хабар беихтиёр чеҳраи бовиқор, вале гарму суҳбатҳои нарми Абдулло Ҳабибович ба ёдам омад…

ВАРАҚАИ ШАХСӢ: Ҳабибов Абдулло Ҳабибович –(тав 1.05.1940,  ноҳ. Мӯъминобод – 24.04.2020, ш. Душанбе). Хамткардаи Университети давлатии Тоҷикистон ва аспирантураи Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲК ИҶШС. Генерал-майор, номзади илми таърих.

Солҳои тӯлонӣ дар низоми Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистони шӯравӣ фаъолият карда, дар оғози соҳибистиқлолӣ дар вазифаи муовини якуми вазири мудофиаи Тоҷикистон кор кардааст. Корманди Дастгоҳи Президенти кишвар низ буд. Депутати халқии Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати 12-ум (1990-1995) ва вакили МН МО ҶТ даъвати дуюм (2000-2005). Сарвари Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Русия.

АЗ «АСКАРОНИ ҒАЛАБА» ТО «АСКАРОНИ ҒОЛИБ»

Зимистони соли 2015. Дар факултети журналистика такудав шурӯъ шуд… Генарал-майёр Абдулло Ҳабибов ва журналист Раҷаби Мирзо ташриф оварда, мехоҳанд бо чанд тан аз бачаҳои чаққону боистеъдоди факултет вохӯрӣ баргузор кунанд. Лаҳзае нагузашта, дар маҷлисгоҳи факултет моро ҷамъ карданд. Раҷаби Мирзоро мешинохтем, мақолаҳояшро хонда будем, вале генералро бори аввал медидем…

Баъди шиносии меҳмонон сухан ба генерал дода шуд, эшон чун ҳар як низомӣ камгапу мушаххасгӯ буданд ва чун афсари ҳақиқӣ омирона ҳарф мезаданд:

-Дар арафаи таҷлили 70 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мо ният дорем, ки як китоб таҳия кунем ва барои ин кумаки шумо ба мо лозим аст. Маълум аст, ки рӯз то рӯз теъдоди иштирокчиёни ҷанг дар кишвар кам мешавад, бинобар ин, моро зарур аст, ки корномаии ҷангии эщонро аз забони худашон сабт кунем. Чун вақтамон кам аст, мо имкони ҳамсуҳбат шудан бо ҳамаи иштирокчиёни дар ҳаётбудаи ҷангро надорем, бинобар ин, ба хулоса омадем, ки фақат дар бораи он нафароне нависем, ки феълан дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд.  Вазифаи шумо ин аст, ки ба хонаи ин нафарон рафта, бо онҳо суҳбат кунед ва дар бораашон нависед…

Рӯзгори диловарони ҷанг, гумон мекунам, барои ҳама аҷиб аст, махсусан ба ҷавонони эҷодкор. Бинобар ин, ҳама розӣ шудем. Раҷаби Мирзо роҳи осони пайдо кардани суроғаи ҷанговарон ва ҷамъ кардани маводро бароямон фаҳмониданд:

-Нахуст ба шӯроҳои ветеранҳои ҷангу меҳнати ноҳияҳои Душанбе муроҷиат карда, суроғаҳоро мегиред, баъдан, ба хонаи ветеранҳо рафта, ҳамсуҳбат мешавед. Пурсед, ки то ин вақт дар бораашон ягон чиз чоп шудааст ё не ва албатта, ҳуҷҷатҳояшонро омӯзед…

Ҳамин тавр, мо тақрибан 10 нафар донишҷӯ бо иршоди Абдулло Ҳабибов ва Раҷаби Мирзо ба кӯчаҳои шаҳри Душанбе баромада, чун журналистони ҳақиқӣ дар суроғи ҷанговарон ва корнамоиҳои эшон шудем. Бовар кунед, рӯзгори ин пирони қаҳрамон барои мо (ман), бисёр ҷолиб буд, ки бо муҳаббат ва кунҷкобии том ба ҳар як ҳарфи пайдокардаамон муносибат мекардем, гарчанде ин кор на ҳамеша ба осонӣ даст медод…

Ҳамин тавр, китоби «Аскарони Ғалаба» пайдо шуд. Бо талошҳои Абдулло Ҳабибов ва Раҷаби Мирзо мо тавонистем, ки 95 нафар ҷанговари душанбегиро хурсанд кунем. Рӯзи рӯнамоӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вақте қаҳрамонон китобро ба даст мегирифтанд, чашмонашон медурахшид…

Инак, бо гузашти 5 сол Абдулло Ҳабибов китоби дигареро ба чоп омода карданд – «Аскарони Ғолиб». Ин китоби 350-саҳифагӣ зиндагинома, корнамоӣ ва лаҳзаҳои ҳассоси ҳаёти 153 қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣиро, ки айни замон дар кишвар зиндагӣ мекунанд, фаро мегирад. Вале тақдир ҳамин будааст, ки худи Абдулло Ҳабибович ин китобро надиданд. Эшон як ҳафта пеш аз мавлуди 80 — солагии худ ва ду ҳафта қабл аз таҷлили 75 — солагии Ҷашни Ғалаба аз олам даргузаштанд…

ТИРЕ, КИ БА ХОК ХӮРД…

Чун сухан аз Абдулло Ҳабибов рафт, лозим медонам, ки чанд лаҳзаи шунида ва бардоштҳоямро аз рӯзгори эшон мухтасар қайд кунам.

 «Козёл отпущения»… Рости гап муродифи тоҷикии ин таркибро наёфтам, вале дар солҳои 90-уми асри ХХ қариб буд, ки ҳамин метод нисбати Абдулло Ҳабибов роҳандозӣ шавад ва ӯро яке аз «қаҳрамонон»-и асосии барангехтани нооромиҳо кунанд, вале тирашон хок хӯрд…

Рӯзе дар ҳавлии «Шарқи озод» бо Абдулло Ҳабибов вохӯрдам. Эшон касеро мунтазир буданд. Чун мо дар нашри китоб қаблан ҳамкорӣ доштем ва чандин маротиба дар маҷлису маъракаҳо вохӯрда будем, муносибатамон хуб буд. Баъди салому алейк рафиқ генерал гуфтанд: «Суҳбататонро бо Гулназар хондам. Нағз». «Аҷиб, ки шумо ба шоиру нависандагон ҳам таваҷҷуҳ доред…» — худамро ҳайратзада вонамуд карда, пурсидам ман. «Албатта, Гулназар ошнои қадимии ман аст…», — гуфтанд, генерал ва ба андеша фурӯ рафтанд…

       …Рӯзҳои 12 ва 14-ум моҳи феврали соли 1990. Бале, ҳамон феврале, ки дар таърихи Тоҷикистони муосир арғувонӣ сабт шудааст, ҳамон баҳманмоҳи хунин… Вазъ дар кишвар ноором буд. Кормандони ВКД, аз ҷумла, сардори шуъбаи сиёсӣ, полковник Абдулло Ҳабибов барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ сафарбар шуда буданд.

Селаи мардум ҷониби бинои ҳукумат мешитофт, то ки аз тақдири ояндаи давлат бохабар шавад. Дар миёни ин ҷамъшудагон    гумроҳон низ буданду манфиатҷӯён низ. Вазъи кишвар муташанниҷ мешуд.

«Вақте дар назди бозори Путовский анбӯҳи чандҳазораи мардум ҷамъ омаданд,  — он рӯзҳоро баъдан ба ёд меорад, Абдулло Ҳибибов, — дидам, ки барои муқобилият нишон додан, зӯрамон намерасад. Ҳамин вақт чашмам ба Убайд Раҷаб, Борис Пшеничний, Меҳмон Бахтӣ, Ибод Файзуллоев ва чанд нафари дигар аз аҳли адаб афтод, ки дар ҳавлии Хонаи нависандагон суҳбат мекарданд. Зуд рафта аз онҳо хоҳиш кардам, ки барои ором кардани мардум ба наздашон рафта, сухан гӯянд. Ҳамин тавр, ҳам шуд, шароит муҳайё кардем, онҳо халқро ба оромӣ даъват карданд. Баъди чанде маълум шуд, ки ман бо ин корам ба оташ равған рехта будаам ва маро гунаҳгор карданӣ шуданд… Ҳатто генерал Амирқул Азимов, он вақт муфаттиши Прокуратураи генералӣ дар ин маврид мақола ба нашр расонида моро «душмани халқ» эълон карданӣ шуд…»

Аммо дар он рӯз ин ягона воқеа набуд, ки ба сари Абдулло Ҳабибов омада бошад. Сарнавишти Ҳабибов дар ҳуҷраи Бӯрӣ Карим қариб ҳал шуда буд.

«Бегоҳ ба ман Нур Табаров телефон кард, ки ба ҳуҷраи муовини Раиси Шӯрои Олии кишвар Бӯрӣ Каримов равам. Рафтам.  Дар ҳуҷра ба ғайр аз мизбон Нур Табаров, Мақсуд Икромов ва чанд нафари дигар буданд, ки намешинохтам. Онҳо ба ман протоколи истеъфои ҳукуматро доданд, ки шинос шавам. Дер шуда буд, иҷозати рафтан пурсидам. Ҳамин вақт як нафари дигар низ «кӯдакам бемор» гуфта, иҷозат пурсид. Бӯри Каримов хоҳиш кард, ки ӯро то хонааш расонем. Розӣ шудам», — ба ёд меорад, Абдулло Ҳабибов.

Ӯ ҳамон бегоҳ соати 8 ба хона омад ва ба ронанда амр дод, ки нафари ҳамроҳро ба Испечак, ба манзилаш бурда расонад.. Вале пагоҳи он рӯз борони туҳмату иғво ба сари Абдулло Ҳабибов рехт. Гӯё ӯ шаб ҷинояткор, тарҳрезикунандаи нооромиҳо дар кишварро ба хонааш бурда бошад. Ҳол он ки он нафар як духтури одӣ бо номи Саидов буд. Ҳамин тавр, ӯро барои «самимӣ набудан» аз сафи ҳизб хориҷ карданӣ шуданд.

Дар пленуми Кумитаи ҳизбии шаҳр масъалаи аз сафи ҳизб рондани Абдулло Ҳабибов баррасӣ мешуд. Ҳама розӣ. Фақат шоир Гулназар зид баромад. Ӯ хеста аз иштирокчиён даъват кард, ки дар ин масъала саросема набошанд то фардо пушаймон нашаванд. Бо вуҷуди ин Ҳабибовро хориҷ карданд, вале ӯ талошҳои зиёде карда, ба сафи ҳизб барқарор шуд… Яъне, нагузошт, ки «козёл отпущения» маҳз ӯ бошад…

Аз куҷо маншаъ гирифтани ошноии устод Гулназарро бо генерал Абдулло Ҳабибов фаҳмидам…

НИГОҲИ ДИГАР БА БАҲМАНМОҲ

Соли 2015 банда бахшида ба 25-солагии баҳманмоҳи хунин матлабе омода мекардам. Барои ин назари иштирокчиёни ин воқеаҳоро ҷамъ меовардам. Аз ҷумла, вобаста ба ин масъала ба генерал-майор Абдулло Ҳабибов низ телефонӣ ҳамсуҳбат шудам. Эшон ба чанд суоли ман посух гуфта, тавсия доданд, ки китобашон «Вақте амр қонунро иваз мекунад…»-ро низ варақ занам.

Бароям ҷолиб буд, ки аз миёни чанд нафаре, ки ҳамроҳашон суҳбат кардам, фақат назари Абдулло Ҳабибов фарқкунанда буд. 

1. Абдулло Ҳабибов муътақид буданд, ки воқеоти моҳи феврали соли 90-ро худи ҳукумат пухта расонид;

 …Ҳанӯз чанд моҳ пеш аз ин гирдиҳамоиҳо дар ноҳияи Колхозобод мардум ба нишони эътироз ба назди бинои ҳукумати район ҷамъ мешаванд. Дар ин ҷо байни ӯзбекҳо ва тоҷикон низои ҷиддӣ сурат гирифта буд. Вале ҳукумати вақт инро нодида гирифт ва «меистанду меистанд, ба дилашон, ки зад, хона мераванд», — гуфта, касе таваҷҷуҳ накард. Лекин мардум нарафт… Ва ин хатои маҳзи роҳбарон буд. Зеро баъди ин дар дигар минтақаҳо низ ҳаракатҳои мухталиф бедор мешуданд…

       2. Хона додан ба арманиҳоро сабаби асосии гирдиҳамоии моҳи феврал намепиндошт, балки кам шудани эътимоди мардумро ба ҳукумат сабаби аслӣ медонист;

       …Дар даврони бозсозӣ барои барқарор кардани робитаи мустақими ҳукумат бо мардум нахуст клуби «Ҳама чиз дар ҷояш ҳал мешавад» ташкил шуд. Дар ин клуб мардум дар Толори киноконсерт бо суолу дархостҳояшон ҷамъ мешуданд. Дар минбар котибони Кумитаи марказӣ, обкому райком, вазирон ва дигар шахсони масъул менишастанд. Иштирокчиён як-як хеста, мушкилашонро ба миён мегузоштанд ва масъулин аз пайи иҷрои он мешуданд. Суолҳо рӯзмарра буданд: чаро таъминоти об, садфоиза нест, чаро рафи мағозаҳо холист, кай навбати хона мерасад ва ғ. Роҳбарон ваъда медоданд, ки ҳама чиз ҳал мешавад, вале дар асл чизе ҳал намешуд…

Баъди ин клуби «Рӯ ба рӯ» арзи ҳастӣ кард, ки дар он донишҷӯёну равшанфикрон фаъол буданд. «Рӯ ба рӯ» дар Хонаи тарбияи ҳизбӣ баргузор мешуд. Дар ин ҷо низ иштирокчиён муддаояшонро мегуфтанд, вале бар ивазаш фақат ваъда мешуниданду халос. Яъне, эътимоди мардум ба Ҳукумат кам шуд. Ҳамин тавр, хона додан ба арманиҳо аз ҷониби ҳукумат баҳонае буд, ки мардумро ҷамъ овард. Онҳо мехостанд, ояндаи давлатро аз забони ҳукуматдорон шунаванд, вале натиҷае ба даст наомад.

3. Абдулло Ҳабибов андеша дошт, ки яке аз сабабҳои аслии беқудратии ҳукумат якдигарнофаҳмӣ миёни роҳбарони сатҳи аввал буд;

…Аслан Котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби Комунистӣ шудани Қаҳҳор Маҳкамов ба Иззатулло Ҳаёев ва ­Ғоибназар Паллаев хуш наомад. Ин се нафар, ки зимоми идораи ҳукумат дар дасташон буд, аз ибтидо команда шуда натавонистанд. Баҳманмоҳ бошад, онҳоро ба пуррагӣ аз ҳам ҷудо кард. Иззатулло Ҳаёев худашро ба Вазорати корҳои дохилӣ «дохил кунонид» ва курсии муовини якумро соҳибӣ кард, Ғоибназар Палаев бошад бетарафиро пеша карда, аз ҳуҷраи кориаш дар Шӯрои Олӣ намебаромад. Ҳамин буд, ки ҳукумат мардумро бовар кунонида наметавонист, ҳарфе барои гуфтан надошт…

4. Ба ақидаи Абдулло Ҳабибов фармони тирпаррониро моҳи феврал бевосита худи Қаҳҳор Маҳкамов дода буд, ҳол он ки марҳум инро ҳамеша рад мекард.

…Фармони тирпаррониро бевосита Қаҳҳор Маҳкамов дода буд. Вале вақте хун рехт, онҳо дар фикри сафед кардани худ шуданд. Ба ёд оред, ки ҳамон шабу рӯзҳо овозаҳо паҳн шуд, ки бемористони Қарияи Боло ва толори Киноконсерт оташ зада шуд ва гӯё гунаҳгоронро вазири корҳои дохилӣ озод карда бошад. Ҳол он ки ин супориши бевоситаи Қаҳҳор Маҳкамов буд. Ҳамаи ин бо ҳуҷҷат исбот шудааст. (Аз китоби Абдулло Ҳабибов. Вақте амр қонунро иваз мекунад)

Ҳамин тавр, генерал-майор Абдулло Ҳабибов ба воқеоти баҳманмоҳ назари хос ва вораста доштанд.  

Соли равон бахшида ба 30-солагии баҳманмоҳ, хостам бо эшон суҳбат кунам, вале бемориашон имкон надод, нақша кашидам, ки дар ҷашни 80-солагиашон суҳбат мекунем, вале умр вафо накард. Абдулло Ҳабибов хотироти зиёди хешро бо худ ба хок бурд…

БЕ ЗЕБО “ЗЕБО” НАБУД

Бори охир  бо генерал-майор Абдулло Ҳабибов соли гузашта дар Автовакзали Душанбе суҳбати рӯ ба рӯ доштем. Он шабу рӯз эшон дар ҳамкорӣ бо журналистон Муҳибуллои Қурбон ва Раҷаби Мирзо дар мавриди ҳаёт ва эҷодиёти ҳамсарашон, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Зебо Аминзода китоби “Бе Зебо “Зебо” набуд”-ро таҳияву чоп карда буданд.

…Зиёд мехостам, дар ин суҳбат аз эшон пурсам, ки чӣ тавр бо Зебо Аминзода шинос шуданд, чӣ тавр оила барпо карданд… ва ғайра, аммо аз сабаби он ки генерал шахси ҷиддӣ буданд аз додани ин суолҳо худдорӣ кардам. Вале вақте бо Зебо Аминзода суҳбат кардам, ба ҳар ҳол хушбахт будани ин пайвандро эҳсос кардам.

Бахшида ба мавлуди “Зебо” ва асосгузори он чопи ин китоб хеле муҳиму саривақтӣ буд…

ҲАРФҲОИ НОГУФТА

Албатта, ман генерал-майор Абдулло Ҳабибовро зиёд намешинохтам, ки дар бораи эшон аз ин бештар нависам. Онҳое, ки бо ӯ солҳои тӯлонӣ муносибат доштанд, бояд ин корро кунанд. Махсусан, солҳои охири умри ӯ, ки ҳамеша барои масъалаҳое номаш дар сархати расонаҳо қарор мегирифт, сазовори гуфтану навиштан аст. Махсусан, вақте ки ӯ охирин умеди худ, бунёди масҷидро ҷомаи амал пӯшонидан мехосту кораш ба суд афтод ва ин орзуяш амалӣ нашуд… Ё ҳамон замоне ки мавриди ҳамлаи “фабрикаи ҷавоб” қарор гирифт… Вақте ӯро дар чорабиниҳои расмӣ ва парадҳо даъват намекарданд ва ҳатто либоси нави генералӣ намедодандаш, ӯ чӣ ҳол дошт?!…

Рӯҳи генерал-майор Абдулло Ҳабибов шод бод!

Одил Нозир   

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *